Қонуни тиб

КИТОБИ ПАНҶУМ
андар баёни доруҳои
мураккаб (қарободин)
БА НОМИ ХУДОИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН
Мо ба Ӯ таваккал кардаем ва ёрӣ аз Ӯ ҳамеҷӯем
Мо андар чаҳор китоб аз зикри бахши бештари илми назарию амалии нигоҳдории тандурустӣ ва амалии бозоварандаи он фориғ шудем ва акнун ҳангоми он аст, ки китоби ал-Қонунро бо таснифи Китоби панҷум андар баёни доруҳои мураккаб ба анҷом бирасонем, то ин ҳамчун бахши Қарободини1 ин китоб бошад.
Мо ин китобро бар як мақолаи илмӣ, ки андар он ба аслҳои илми дорусозӣ ишора хоҳем кард ва бар ду ҷумла бахш кардаем: як ҷумла андар баёни доруҳои мураккаби андар Қарободинҳо ба тартиб оянда; ва ҷумлаи [дигар] андар баёни доруҳои мураккаби ба ҳасби ҳар як беморӣ санҷида шуда. Ҳар гоҳ мо ин се матлабро овардем, китобро ба анҷом хоҳем расонд.
МАҚОЛАИ ИЛМӢ
АНДАР БАЁНИ НИЁЗМАНДӢ БА ДОРУҲОИ МУРАККАБ
Бошад, ки мо аз миёни доруҳои сода на барои ҳар як иллат, хусусан иллати мураккаб, доруе ёфтан битавонем, ки баробари он ояд ва ҳатто агар ёбем ҳам, бартараш наҳисобем. Балки гузашта аз ин бошад, ки ягон доруи мураккабе наёбем, ки ягон [иллати] мураккаб бо он баробар ояд ва ё агар биёбем ҳам, вале моро ба афзудани қувваи яке аз ду бахши содаи он эҳтиёҷ бошад ва бинобар он лозим ояд, ки ба [чунин дору] як бахши содае биафзоем, то қувваташ қавӣ бигардад. Чунончи бобунаро қувваи ҳалкунандагӣ бештар ва қувваи қабзоварӣ камтар аст ва қувваи қабзкунандагии онро бо афзудани ягон доруи содаи қабзкунанда бад-он шиддатнок созем. Гоҳе мумкин аст моро доруи содаи гармиоваранда ёфт шавад, лекин ба гармии аз ин камтаре сахт ниёзманд бошем ва бинобар ин моро лозим ояд, ки бад-он ягон чизи сардиоваранда биафзоем. Ё мумкин аст ба гармии бештар аз он эҳтиёҷ дошта бошем ва моро лозим ояд, ки ба он ягон чизи гармиоварандаи дигаре биафзоем. Гоҳе моро ба доруи чаҳор бахш гармидиҳанда эҳтиёҷ бошад, вале ҷуз як доруи се бахш гармидиҳанда ва яки дигар панҷ бахш гармидиҳанда чизе ёфтан натавонем. Андар ин ҳолат мо ин дуро бад-он умед бо ҳам ҷамъ созем, ки то аз маҷмӯи он доруи чаҳор бахш гармидиҳанда ҳосил шавад.
Гоҳе доруи дилхоҳи мо аз ҷиҳати хостаи мо ба ғоят хуб бошад, вале аз ҷиҳати дигар зиёнвар ва бинобар ин мо бояд онро бо ягон чизе биомезем, ки зиёни онро бишканад. Бошад, ки дору бадмаза ва ба наздики табъ номақбул буда, меъдаро бад ояд ва онро бигардонад ва бинобар ин, мо андар он чизе биафзоем, ки онро форам созад. Гоҳе муроди мо аз дору андар ҷои дур таъсир расондан бошад, вале моро бими он бошад, ки гувориши якум ва гувориши дуввум қуввати он бишкананд. Бинобар ин, мо онро бо ягон доруи муҳофазаткунандае ҷуфт созем, ки худ шикаста нашавад ва зиёни ҳар ду гуворишро аз сӯи ӯ бигардонад, то он ба ҳоли дурустӣ ба андоми дилхоҳ рафта бирасад, чунонки андар доруҳои тарёкӣ афюн биафзоянд.
Гоҳе мурод аз [таркиб] бадрақаи доруст, чунонки андар қурсҳои кофур заъфарон биафкананд, то заъфарон онҳоро ба дил бурда бирасонад, лекин чун ба дил расиданд, қувваи ҷудосозанда ба кор дарояд, заъфаронро аз онҳо ҷудо карда, нест кунад ва доруҳои сардсозандаи тафсхомӯшкунандаро андар дил ба кор бидарорад. Чунонки қувваи ҷудокунанда ба ҳангоми ҷудо сохтани қувваҳои ҳалкунанда ва қабзсозанда, хоҳ дору табиӣ бошад ва хоҳ сунъӣ, ҳамин гуна амал кунад ва ҳалкунандаро андар худи андоми дардманд бигузорад, то моддаро ҳал кунад ва [қувваи] пасгардонандаро ба сӯи маҷроҳои модда [равон кунад], то роҳи моддаро боздорад.
Гоҳе мо доруеро бихоҳем, ки андар гузаргоҳи худ андаке таваққуф кунад, то андар он ҷой ҳар чи бештар таъсир карда бошад, вале ин дору зудгузар бошад. Андар ин ҳол мо онро бо ягон доруи нигоҳдоранда мураккаб созем. Масалан, бисёре аз доруҳои суддакушой аз ҷигар зуд бигузаранд, вале агар ба таваққуфи онҳо андар ҷигар эҳ
тиёҷи сахт бошад, мо бо онҳо доруҳои бар хилофи ҷиҳати ҷигар кашанда ҳамроҳ кунем, чунонки тухми турб ба сӯи даҳони меъда кашанда буда, аз ин дору ба қадре ҳайрон бимонад, ки судаш ба ҷигар бирасад ва сипас гузашта биравад. Гоҳе доруе, ки мо дорем, барои ду роҳ анбозӣ дорад, вале ғарази мо аз он як роҳ бувад. Бинобар ин мо онро бо доруе ҷуфт созем, ки ӯро бад-он сӯ бибарад. Чунончи мо андар доруҳои пешобтозонандаи суддакушой коғнаҳо ҳамроҳ кунем, то онҳоро аз сӯи рагҳо ба сӯи гурдаву обгаҳ равона кунанд.
Бидон, ки бисёре аз (310) доруҳо дорои таъсиргоҳ ва афтидангоҳанд. Вале мумкин аст мурод аз онҳо таъсиргоҳи дуртар аз афтидангоҳ бошад, ки андар ин ҳол ба доруи роҳбалад эҳтиёҷ биафтад ва ё мумкин аст мурод аз онҳо таъсиргоҳи наздиктар аз афтидангоҳ буда, андар ин ҳол ба василаи нигоҳдоранда эҳтиёҷ биафтад.
Бидон, ки доруи санҷида беҳтар аз носанҷида аст ва аз барои як ғараз ба кор бурдани [доруи] камтаркиб беҳтар аз [доруи] бисёртаркиб бувад. Сабаби беҳтар будани [доруи] камтаркиб аз [доруи] бисёртаркиб бошад, андар оғози Китоби дуввум шарҳ дода шудааст, вале сабаби беҳтар будани доруи санҷидашуда бошад, чунин аст: Ҳар як доруи мураккаб дорои як ҳукмест, ки аз бахшҳои содаи он гирифта шавад ва [низ] дорои ҳукми [дигарест], ки аз маҷмӯи сурати он гирифта шавад. Доруи носанҷида танҳо ба эътибори бахшҳои содаи худ суд бахшад, вале аз муҷиби чи чиз гардидани омехтаи аз онҳо падидомада мо [бехабар буда], надонем, ки оё омехтагӣ афзункунандаи хусусияти онҳост ва ё ғайриафзункунанда ва ин ки нақиз бувад. Ба ҳангоми доруи санҷидашуда бошад, ки ҳар дуи ин ҷиҳат ба таҳқиқ бирасад ва бошад, ки суди [дору] ба сурати таркибӣ беш аз андозае бувад, ки аз бахшҳои содаи он чашмдоранд.
Андар баёни чигунагии таркиб
Бидон, ки ҳар гоҳ туро чаҳор ҳоҷат пеш ояд ва аз барои онҳо ба ҷуз доруи сохта ягон доруи табиие ёфт нашавад, масалан, агар туро ба истифроғ овардани маҳмуда, дилаи ҳанзал, сабр ва турбид ҳоҷат афтода, барои ҳосил кардани он дору ин чизҳоро ба ҳам ҷамъ кардан бихоҳӣ, андар ин ҳангом бибин, ки агар ҳоҷат ба ҳар чаҳор дору ва таъсири онҳо баробар бошад, аз ҳар кадоми онҳо ба қадри чаҳоряки як ошомиданӣ бигир ва мураккаб соз, вале агар ҳоҷат ба ҳамаи онҳо баробар набошад, балки ба бархе бештар ва ба бархе дигар камтар, он гоҳ ҳадси пешаварӣ бизан, миқдори ҳоҷатро муайян намуда, нисбати як ҳоҷатро ба ҳоҷати дигар ҳамчун қонун қабул кун ва баъд аз он аз барои ин [2] ошомидании мураккаб мувофиқи нисбати ҳоҷат миқдори бархе доруҳоро биафзой ва бархе дигарро коҳиш дода, [доруро] фароҳам овар.
Бидон, ки доруи мураккаби хубтаъсир аз қабили тарёк ба ҳасби бахшҳои содаи хеш якгуна асарҳо ва қувваҳо ва ба ҳасби сурате, ки аз барои пазируфтани он омехтагиро як мудате сиришта доштаанд, асарҳо ва қувваҳои ди гаре дорад ва бошад, ки инҳо аз [осори қувваҳои] бахшҳои сода беҳтар буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор