КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар баландии 1300-2900 метр вомехўрад ва дар баландиҳои 1100-1400 метр аз сатҳи баҳр зимистон мегузаронад.
Саршумор
Солҳои 1959-1962 қад-қади дарёи Зарафшон 3 ҷуфт дуҷҷи алои лонагузор (2 ҷуфт дар соҳили дарёи Шинг ва 1 ҷуфт дар саргаҳи дарёи Артуч) ба ҳисоб гирифта шуда буд. Дар дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон то 8-9 ҷуфт дуҷҷи ало лона мегузоранд. Дар Бадахшон низ камшумор аст. Дуҷҷи ало парандаи муқимист. Дар чиллаи зимистони сербарф дуҷҳо қад-қадди ҷўйбор ва дарёҳои хурд, ки оби онҳо ях намекунанд, ҷамъ меоянд.
Хусусиятҳои биологӣ Аввалин ҷуфтҳои дуҷҷи ало охирҳои моҳи март ва моҳи апрел пайдо мешаванд. Дар зери харсангҳои паҳлўи об лона мегузоранд. 3 тухм мемонад.
Аввалҳои моҳи июн чўҷаҳо паррончак мешаванд Дуҷҷи ало парандаи ҳашаротхўр аст. Баъзан обсабзҳоро низ ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муҳити сукунати дуҷҷи ало чандон тағйир наёфтааст. Вай хеле камшумор аст, омилҳои ноҳинҷорӣ ва вайрон кардани лона боиси маҳдуд гардидани шумораи он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади ҳифз ва нигаҳдории дуҷҷи ало ҷойҳои лонагузории онро дар мамнуъгоҳи «Ромит»
ва Пойгоҳи ботаникии кўҳии Варзоб таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973; Малышевский, 1974.
ДУҶҶИ КАБУД
Rhyacornis fuliginosa (Vigors, 1831) Қатори
Гунҷишкшаклон ‒Passeriformes Оилаи
Дурроҷҳо ‒ Turdidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дуҷҷи кабуд дар кўҳҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Хитой, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ паҳн гардидааст ва ҳудуди Тоҷикистон қисмати шимолии масоҳати паҳншавии онро фаро мегирад.
Нахустин бор ин паранда соли 1908 дар маҷрои дарёи Исфара дар қаторкўҳи Туркистон ба қайд гирифта шудааст. Аз рўи маълумотҳои солҳои охир дуҷҷи кабуд дар водии дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон лона мегузорад.
Дар километри 47-уми байни шаҳри Душанбе ва ағбаи Анзоб, қад-қади соҳили дарёи Варзоб
3 ҷуфти лонагузори ин паранда ба қайд гирифта шудааст. Дар водии дарёи Харангон ва Кондара низ ҷуфтҳои лонагузори он мушоҳида гардидааст. Дар мавзеъи дарёи Ёс се ҷуфти лонагузори он ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Дар соҳили рўдҳои обашон тозаи кўҳӣ ва шохобҳои онҳо сукунат менамояд. Ҳамеша наздик ба об зиндагӣ мекунад. Дар соҳили дарёҳо лона мегузорад.
Саршумор
Дар Тоҷикистон шумораи он маълум нест. Дар ҷойҳои муқаррарии сукунаташ хеле кам дучор меояд.
Аз даҳ ҷуфт зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ нашудааст. Ҷуфти онҳо, маъмулан, ҳамроҳ ва дар назди
ПАРАНДАГОН
Aves кии муҳити лонагузорӣ мегарданд.
4-5 тухм мемонад. Давраи афзоиш охири зимистон оғоз ёфта, то моҳҳои май-июн давом мекунад. Ғизои дуҷҷи кабуд ҳашароти обӣ ва хушкӣ аст. Баъзан меваҳои худрўйро низ ғизо мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Омили ноҳинҷорӣ ва вайрон кардани лонаҳо дар давраи афзоиш дуҷи кабудро маҷбур месозанд, ки муҳити сукунатро тарк намояд.
Тадбирҳои ҳифз Ҷойҳои маълуми лонагузории дуҷҷи кабудро ба рўйхат дароварда, онҳоро таҳти муҳофизат қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Попов, 1956; Иванов , 1969; Абдусалямов, 1973; Красная книга
СССР, 1978.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё