КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971, 1988; Мирзобаҳодурова, 2010.
САҶДАИ ТИБЕТӢ (УВАК)
Syrrhaptes tibetanus (Gould, 1850)
Қатори
Кабўтаршаклон ‒ Columbiformes Оилаи
Мурғони сахо ‒ Pteroclidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди Помир вомехўрад. Маҳали сукунати ҳозираи он ҳавзаи Қарокўл, водии дарёи Оқбайтал, атрофи Шўркўл, Рангкўл, Зоркўлу саргаҳи дарёи Оқсу ва қисмати шарқии қаторкўҳи Аличур (Тузҷилға)-ро дар бар мегирад.
Саршумор
Дар ибтидои асри ХХ яке аз парандагони сершумори Помир ба шумор мерафт. Солҳои 60-уми асри гузашта якбора маҳдуд гардидани шумораи саҷдаи тибетӣ ба мушоҳида расид. Айни замон шумораи саҷдаи тибетӣ дар Помир 100-150 ҷуфтро ташкил медиҳад.
Муҳити сукунат
Водиҳои ҳамвору фарохи кушод, ки ҷо-ҷо растаниҳои бисёрсола (терескен, шибоғ, нахўдакгул ва ғайра) мерўянд, маҳали хоси сукунати саҷдаи тибетӣ ба шумор мераванд.
Дар доманакўҳҳои фарох дар баландиҳои 3600-4800 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи муқимӣ буда, барои он дар дохили сукунатгоҳ кўчиши мавсимӣ хос мебошад.
Хусусиятҳои биологии он пурра омўхта нашудааст. Дар охири фасли баҳор, даҳаи дуюми моҳи май ҷуфтӣ мешавад. Дар охири моҳи май ба лонагузорӣ оғоз менамояд.
Лонаро дар замин дар зери буттачаҳои терескен ва явшон мегузорад. То 3 тухм мегузо
ПАРАНДАГОН
Aves рад. Дар даҳаи сеюми моҳи июн чўҷаҳои парпўшро вохўрдан мумкин аст. Давраи лонагузорӣ ва чўҷабарорӣ тулонӣ аст. Дар охири моҳи июн чўҷаҳои парпўш ва лонаҳои тухмдоштаро дучор омадан мумкин аст. Парандаи комилан растанихўр буда, таркиби ғизои онро тухми растаниҳои лўбиёгӣ ташкил медиҳад.
Омилҳои маҳдудкунанда Мавзеъҳои сукунати саҷдаи тибетӣ ба тағйироти куллӣ дучор нагардидааст. Аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар ҷойҳои сукунат боиси аз ҳад зиёд маҳв гардидани тухму чўҷаи саҷдаи тибетӣ мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҷойҳои лонагузории саҷдаи тибетӣ дар мавзеъи Қарокўли Помир чаронидани чорворо ба танзим даровардан зарур аст.
Оид ба омўзиши паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии саҷдаи тибетӣ таҳқиқоти иловагӣ гузаронидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абдусалямов,1971; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
ДОСАКИ ХУРД
Apus affinis galilejensis (Antinori, 1855) Қатори
Досакшаклон ‒ Apodiformes Оилаи
Досакҳо ‒ Apodidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар атрофи Панҷакент (водии Зарафшон), водии дарёи Кофарниҳон (мавзеъи Лайлакхона), шарқтари Кўлоб (Шўробдара ва Ғамидарӣ) ва дар кўҳҳои байни дарёҳои Вахшу Кофарниҳон (қаторкўҳи Рангон, дараи Оқсу) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар кафидаи танги шахсори серсояи дараҳо сукунат мекунад. Дар наздики обхўраҳо дар баландии 600-800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад.
Саршумор
Камшумор аст. Аз рўи баъзе маълумотҳо дар ҳудуди Тоҷикистон то 40 сар досак лона мегузорад. Охирҳои моҳи апрел парвоз карда меояд ва эҳтимол охирҳои моҳи август ва моҳи сентябр парида меравад.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумот нокифоя аст. Лонаи селаи досакҳо ба якдигар хеле наздик ҷойгир мешаванд, баъзан дар болои як лона лонаи дигарро месозанд. Лонаро аз пояи нарми порсолаи хўшадорҳо ва пари мурғон (кабк, чил, чиррак) бунёд мекунанд. Досак масолеҳи лонасозиро бо гиле, ки бо луоби даҳон тар кардааст, ба ҳам мечаспонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё