КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1966; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
ДОСНЎЛ
Ibidorhyncha struthersii (Vigors, 1832)
Қатори
Лойхўракҳо ‒Charadriiformes Оилаи
Лойхўракҳо ‒ Charadriidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Муҳити сукунати доснўл ҷазираҳои ҷудогонаеро, ки дар водии дарёҳои баландкўҳ ҷойгир шудаанд, дар бар мегирад. Доснўлҳои лонагузор аз саргаҳи дарёи Зарафшон то пиряхи Зарафшон, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (саргаҳи дарёи Сардаи Миёна), водии дарёи Сурхоб (то резишгоҳи Қизилсу), дар Бадахшон дар водии дарёи Шоҳдара вомехўрад. Доснўлҳои зимистонгузаронандаро дар водии дарёҳои Варзоб, Қизилсу, инчунин дар Рашт ва соҳилҳои дарёи Кофарниҳон мушоҳида намудаанд.
Муҳити сукунат
Доснўл қад-қади дарёҳои кўҳӣ ва ҷазирачаҳои онҳо дар баландиҳои 1600-3500 метр аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Дар Тоҷикистон 25-30 ҷуфт доснўл лона мегузорад. Баъди зимистони қаҳратун ва сербарф доснўл камшумор мешавад. Парандаи муқимист, вале вобаста ба мавсим аз як ҷо ба ҷои дигар мекўчад. Моҳи сентябр доснўл поёнтар кўчиши мавсимӣ менамояд, вале аз муҳити лонагузории худ дур намеравад. Моҳҳои март ва аввалҳои апрел ба ҷои пештараи худ бармегардад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи моногамӣ аст. Баъди мавсими лонагузорӣ ҷуфти он аз ҳам ҷудо намешаванд. Дар байни қайроқсангҳои ҷазираҳои баланд лона гузошта, 4 тухм мемонад.
Аз тухм моҳи май ҷўҷаҳо мебароянд.
Охирҳои моҳи июл чўҷаҳо болиғ мешаванд. Ғизои доснўл ҳайвоноти бесутунмуҳраи хушкигарди назди соҳил аст.
Парвариш дар шароити сунъӣ.
Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар табиат аксар вақт саршумори доснўл аз таъсири омилҳои номатлуби иқлим (сармо, зимистони сербарф, обхезии баҳорон ва ғайра) тағйир меёбад.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои лонагузории доснўлро ба рўйхат дароварда, онҳоро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст. Шикори ғайриқонунии онро бояд назорат кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Красная книга СССР, 1984; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ЛОЙХЎРАКИ МАРҒӢ
Glareola pratincola (Linnaeus, 1766) Қатори
Лойхўракҳо ‒Charadriiformes Оилаи
Лойхўракҳо ‒ Charadriidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Қад-қади дарёи Сир ва дар ҷазираҳои обанбори Қайроққум вомехўрад.
Эҳтимол, дар гузашта дар доманаи қаторкўҳи Ҳисор (резиш гоҳи дарёҳои Хонақо ва Душанбе), қад-қади дарёҳои Панҷ (Фархор) ва Вахш (Ҷилликўл) низ лона мегузошт. Селаи охирини лонагузори он дар Айвоҷ дар резишгоҳи дарёҳои Кофарниҳону Аму ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Дар байни қайроқсангҳои ҷои пасти об, алалхусус дар регхок ё гилхоки ҷазираҳо дар баландиҳои 400-800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад.
Саршумор
Дар Тоҷикистон мувофиқи маълумоти соли 1975, лонагузории 6-8 ҷуфти лойхўраки марғӣ маълум карда шудааст. Парандаи мавсимии лонагузор аст. Баҳорон охирҳои апрел меояд, тирамоҳ аз миёнаҳои август то охирҳои сентябр парида меравад.
Хусусиятҳои биологӣ Селаи хурди лойхўраки лонагузор танҳо дар поёноби дарёҳои Кофарниҳону Вахш боқӣ мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё