КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
То солҳои 70-уми асри XX дар болооби дарёи Сир, шохобҳои он ва аҳён-аҳён дар поёноби он дучор меомад Муҳити сукунат
Дар маҷрои тезҷараёни дарё, дар минтақаҳои қаърашон регдор ва обашон тира то чуқурии 2 м зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Аз соли 1978 сар карда оид ба сайди белбинии сирдарёӣ маълумот вуҷуд надорад. Эҳтимол пурра маҳв гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра омўхта нашудааст. Дар 5-6 солагӣ ҳангоми дарозии баданаш
23 см будан, болиғ мегардад.
Дар нимаи дуюми моҳи апрел дар ҷойҳои регзору серсанги қаъри об аз 850 то 2000 тухм мегузорад.
Тухмаш калон, рангаш хокистарӣ, баъзан зарди сафедчатоб, қутраш 1,3-1,8 мм. Аз кирминаи ҳашароти обӣ ғизо мегирад.
МОҲИҲО
Pisces
Омилҳои маҳдудкунанда Тағйири маҳалҳои хоси сукунат дар натиҷаи танзими оби дарёи Сир ва ифлосшавии об аз партовҳои саноатӣ ва маишӣ сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори белбинии сирдарёӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар Тоҷикистон аз соли 1968 доштани ин белбинии сирдарёӣ тамоми сол манъ аст. Ба мақсади барқарор намудани саршумори белбинии сирдарёӣ дар муҳити хоси сукунат усули дар шароити сунъӣ зиёд намудани онро кор карда баромадан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1968; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
ОЗОДМОҲИИ АРАЛӢ
Salmo trutta aralensis (Berg, 1908)
Қатори
Шўрмоҳишаклон ‒ Clupeiformes Оилаи
Озодмоҳиҳо ‒ Salmonidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Эндемики ҳавзаи баҳри Арал мебошад.
Дар дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, обанбори Норак аҳён-аҳён вомехўрад. Популятсияи нисбатан устувори он дар обанбори Норак боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси сукунати озодмоҳии аралӣ баҳри Арал аст. Дар давраи афзоиш дар болооби дарёҳои ҳавзаи Аму дарёҳо ва шохобҳои онҳо тухм мегузорад.
Саршумор
Дар дарёҳои Тоҷикистон гоҳ-гоҳ озодмоҳиҳои калон (то 15 кг) ба тўр меафтанд. Дар обанбори Норак аз соли 1974 то 1994 бештар моҳиҳое дошта шуданд, ки вазнашон 3-7 кг буд.
Хусусиятҳои биологӣ Дарозиаш то 1 м, вазнаш 10 ‒ 14 (баъзан то 18) кг. Моҳҳои ноябр ‒ декабр дар ҳарорати 8‒100 ва чуқурии 1-1,5 м тухм аз 500 то 1500 адад мегузорад. Тухмаш калон, сурхи зардчатоб, қутраш 3-5 мм.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, дар маҷрои дарёҳо бунёд кардани иншоотҳои гидротехникӣ, ки садди тухмгузории моҳӣ мегарданд, сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори озодмоҳии аралӣ ба ҳисоб мераванд.
Тадбирҳои ҳифз
Риоя намудани қоидаҳои сайди моҳӣ, дар дарғоти нерўгоҳҳои барқии обӣ бунёд кардани иншоотҳои моҳигузар, ба роҳ мондани парвариши сунъии озодмоҳии аралӣ ба мақсади барқарор намудани шумораи он дар муҳити табиии сукунат ба афзун гардидани саршумори озодмоҳии аралӣ мусоидат мекунанд.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Никольский, 1940; Берг, 1948; Аҳроров, 2006; Расулов, 2011.
ГУЛМОҲИИ АМУДАРЁӢ
Salmo trutta oxianus (Kessler, 1874) Қатори
Шўрмоҳишаклон ‒ Clupeiformes Оилаи
Озодмоҳиҳо ‒ Salmonidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Эндемики Амударё. Дар дарёҳои Қаратоғ, Кофарниҳон, Вахш, Сурхоб, Камаров, Обихингоб ва шохобҳои онҳо, ҳамчунин дар обанбори Норак вомехўрад. То солҳои 90-уми асри гузашта дар дарёҳои Варзоб, Душанбе ва Лучоб низ дучор меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё