Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат Дар болооби дарёҳои кўҳӣ ва шохобҳои онҳо, кўлҳо ва обанборҳои кўҳии обашон тоза ва сероксиген дучор меояд.
Саршумор
Солҳои 70-80-уми асри ХХ як моҳигир дар як соат бо шаст то 150 адад гулмоҳӣ дошта метавонист.
Дар солҳои охир саршумори гулмоҳӣ маҳдуд гардида, дар баъзе дарёҳо ба ҳадди нестӣ расидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар муҳити хоси сукунат баъди 3-4 солагӣ болиғ мешавад. Вобаста ба шароити маҳал ва ғизо дарозии бадани гулмоҳии амударёӣ 15-35 см, вазнаш 67-500 г мешавад.
Моҳҳои ноябр ‒ декабр
МОҲИҲО
Pisces ҳангоми 7-100С будани ҳарорати об дар қаъри 60-80 см дарё аз 1000 то 2500 адад тухм мегузорад.
Моҳии дарранда аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Бо олотҳои ғайрианъанавӣ тўр, шасти электрикӣ ва аз меъёр зиёд сайд намудани гулмоҳии амударёӣ боиси маҳдуд гардидани саршумори он гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Тухми гулмоҳии амударёиро гирифта дар сехи наслбарории хоҷагиҳои гулмоҳипарварӣ навзодҳояшро бароварда ба муҳити табиии сукунат паҳн намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов.
1968; Аманов, Хакимова, 1979; Амирқулов, 1983; Аҳроров, 2006; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
ШЎРТАН
Esox lucius (Linnaeus, 1758) Қатори
Шўртаншаклҳо ‒ Clupeiformes Оилаи
Шўртанҳо ‒ Esocidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар обанбори Қайроққум, дарёҳои Сир, Аму, поёноби Вахш ва Кофарниҳон вомехўрад.
Муҳити сукунат Моҳии кўлу дарёҳост. Дар обҳои назди соҳили ҷараёнашон суст ва истанда, ки растаниҳои обӣ мерўянд, зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Дар даҳсолаҳои охир саршумораш хеле маҳдуд гардидааст. Дар обанбори Қайроққум аҳён-аҳён дучор меояд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 2-3 солагӣ, ҳангоми дарозии баданаш 25-33 см шудан ба болоғати ҷинсӣ мерасад. Аз нимаи дуюми моҳи феврал то нимаи аввали моҳи март гурўҳ-гурўҳ дар чуқурии 50-1,20 см дар як вақт аз 160 ҳазор то 250 ҳазор тухм мегузорад.
Тухмҳо ба растаниҳо часпида устувор меистанд. Тухмаш калон, қутраш 2,5-3,5 мм. Моҳии дарранда буда, намудҳои гуногуни моҳиёни андозаашон хурдро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бад гаштани шароитҳои экологии ҷойҳои тухмгузорӣ, ифлос шудани обанборҳо ва сайди ғайриқонунӣ боиси кам шудани саршумори шўртан гаштааст.
Тадбирҳои ҳифз Барои барқарор гардидани саршумор сайди ғайриқонунии шўртанро пешгирӣ намудан зарур аст. Ба роҳ мондани парвариши сунъии шўртан ба мақсади барқарор намудани шумораи он дар муҳити табиии сукунат мувофиқи мақсад аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Турдаков, 1963; Максунов, 1968; Расулов, 2011.
ЖЕРЕХИ ТОС
Aspiolucius esocinus (Kessler, 1874) Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Капуриҳо ‒ Cyprinidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби дарёи Вахш ва обанбори Қайроққум вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар маҷрои тезҷараёни дарёҳо дар чуқуриҳои 2-3 м сукунат мекунад.
Саршумор
Аҳён-аҳён дар болооби дарёи Аму вомехўрад. Захирааш хеле кам аст. То солҳои 60-уми асри гузашта дар дарёи Сир ва обанбори Қайроққум вомехўрд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 6-7 солагӣ, ҳангоми дарозии баданаш ба 45-50 см расидан ба болоғати ҷинсӣ мерасад.

пешина
аз 256
навбатӣ