Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз Ба низом даровардани чаронидани чорво дар он ҷойҳое, ки чир-чираки Мишенко зист мекунад, зарур мебошад. Хамиҳои кўҳро, ки популятсияи ин намуд ҷойгиранд, зери муҳофизат қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Правдин, Мищенко, 1980; Сергеев, Покивайлов, 1992; http:// orthoptera.speciesfile.org.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЧИР-ЧИРАКИ ҲИСОРӢ
Drymadusella hissarica (Mistshenko, 1949) Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон мебошад. Дар қаторкўҳи Ҳисор дучор меояд. Аз рўи 7 адад ҷинси нарина ва 5 адад ҷинси модинае, ки аз Кондара ёфт шудааст, тавсиф гардидааст. Дар бораи дар дигар мавзеъҳо вуҷуд доштани он маълумот мавҷуд нест.
Муҳити сукунат Дар хамиҳои серсангу сершағали кўҳ, ки бо буттаву дарахтон ва растаниҳои сирак фаро гирифта шудаанд, сукунат меёбад. Дар баландиҳои 1100-2200 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Дар тамоми масоҳати паҳншавиаш дар қаторкўҳи Ҳисор аҳён-аҳён дучор меояд. Дар коллексияҳои Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш. Санкт-Петербург), Институти систематика ва экологияи ҳайвоноти Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Россия (ш. Новосибирск) ва осорхонаи таърихи табиати ш. Лондон (Англия) чанд намунаи ин намуди чир-чирак маҳфуз аст.
Хусусиятҳои биологӣ Фардҳои болиғи он аз даҳаи дуюми июл то аввали ноябр ба мушоҳида мерасанд. Дар бораи манбаи ғизоии он маълумот нест.
Хусусиятҳои биологии намуд таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво ва поймол кардани муҳити сукунати чир-чираки ҳисорӣ боиси аз байн рафтани он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз Дар ҷойҳои паҳншавии попупятсияи намуд ба низом даровардани чаронидани чорво зарур аст.
Шахҳои кўҳҳо, ки популятсияи ин намуд ба қайд гирифта шудааст бояд ҳифз карда шаванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Мищенко, 1952 а; http://orthopteraspeciesfile.org.
ЧИР-ЧИРАКИ ХОРАКИКУС
Glyphonotus thoracicus (Fischer de Waldheim, 1864) Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Эндемики Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор, Пётри I, Дарвоз, Ванҷ ва Язғулом дучор меояд. Дар ҷануби водии Вахш дар мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" ва дар қаторкўҳи Ҳисор дар мамнуъгоҳи "Ромит"
ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Дар баландиҳои 350-3000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Дар мавзеъҳои гуногунгиёҳи мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" (350 метр аз сатҳи баҳр) дар минтақаи ҷангалзори сираки қаторкўҳи Ҳисор дар мамнуъгоҳи "Ромит"
(1500 метр аз сатҳи баҳр), марғзорҳои субалпии қаторкўҳи Ванҷ (3000 метр аз сатҳи баҳр), биёбонҳои кўҳии нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Язғулом (3000 метр аз сатҳи баҳр) ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди паҳншавиаш дар Тоҷикистон аҳён-аҳён вомехўрад.
Дар нишебиҳои шимолии қисми шарқии қаторкўҳи Ванҷ популятсияи хурди онро ба қайд гирифтаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Фардҳои болиғи он дар ҷануби Тоҷикистон аввали моҳи июн пайдо шуда, то аввали октябр мушоҳида мешаванд. Як НАРИҲАШАРОТ Insecta на бо чанд модина ҷуфт мешавад.

пешина
аз 256
навбатӣ