Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон мебошад. Дар қаторкўҳҳои Ҳазратишоҳ, Язғулом ва Шуғнон дучор меояд. Як фарди наринаи он аз атрофи шаҳри Хоруғ ва як фарди модина аз ҳудуди ноҳияи Рўшон ёфта шудааст. Зернамуди он (Calopterusa pamirica immatura) аз қаторкўҳи Ҳазратишоҳ ва ғўруқи Чилдухтарон пайдо карда шудааст.
Муҳити сукунат
Дар баландиҳои 1800-2300 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Дар нишебиҳои серсанги кўҳҳо, ки ҷо-ҷо буттаву дарахтон ва растаниҳои гуногун мерўянд, сукунат мекунад.
Саршумор
Дар тамоми масоҳати паҳншавии дар Тоҷикистон аҳён-аҳён дучор меояд. Чанд намунаи он дар коллексияи Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш.
Санкт-Петербург) мавҷуд аст.
Хусусиятҳои биологӣ Тарзи ҳаёти пинҳонӣ дорад. Рўзона дар роғи сангҳо панаҳ мебарад.
Ҳангоми ноҳинҷорӣ чирчираки помирӣ аз паноҳгоҳ ҷаста берун меояд, вале ҳамон замон боз зери сангҳо пинҳон мешавад.
Аз тобистон то тирамоҳ фаъол аст. Фардҳои болиғи он даҳаи дуюми июл пайдо шуда, то аввали октябр ба назар мерасанд.
Манбаи ғизои он маълум нест.
Хусусиятҳои биологии он таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба муҳити сукунати чир-чираки помирӣ бенизом чаронидани чорво таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар он ҷойҳое, ки популятсияи чир-чираки помирӣ дучор меояд, назорат кардани қоидаҳои чаронидани чорво, ҳифз намудани нишебиҳои кўҳҳо, ки дар он ҷойҳо популятсияи он ба қайд гирифта шудааст, зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Столяров, 1969; Правдин, Мищенко, 1980; Сергеев, Покивайлов, 1992.
ЧИР-ЧИРАКИ МИШЕНКО
Calopterusa mistshenkoi (Sergeev et Pokivajlov, 1992) Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон мебошад. Дар қаторкўҳҳои Ҳисор дучор меояд. Аз рўи он фардҳое, ки аҳён-аҳён аз мамнуъгоҳи "Ромит"
ва дараи Ҳолмон дар баландии 1200-1500 метр аз сатҳи баҳр дошта гирифтаанд, тавсиф карда шудааст. Дар нишебиҳои ҷанубии қисми марказии қаторкўҳи Ҳисор сукунат дорад. Дар дигар мавзеъҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои серсанг ва регзор­ ҳои кўҳӣ, дар минтақае, ки бо буттаву дарахтони сирак фаро гирифта шудаанд, маскан мегирад.
Дар маҷрои хушкидаи рўдҳои кўҳӣ низ ба мушоҳида мерасад.
Дар баландиҳои 1100-1500 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд.
Саршумор
Дар тамоми масоҳати паҳншавиаш дар қаторкўҳи Ҳисор аҳён-аҳён дучор меояд. Чанд намунаи он дар коллексияи Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш. Санкт-Петербург) ва Институти систематика ва экологияи ҳайвоноти Шўъбаи сибирии Академияи илмҳои Россия (ш.
Новосибирск) маҳфуз аст.
Хусусиятҳои биологӣ Рўзона дар зери сангҳо пинҳон шуда, оҳиста ҳаракат мекунад.
Чир-чираки ноҳинҷор ГАРҲАШАРОТ Insecta дида зуд ҷаста берун меояд ва ҳамоно ҳаросида боз худро зери санг мегирад. Моҳҳои августсентябр чир-чиракҳои нарина рўи буттаҳои бушол ва ҷулгун баромада баланд чир-чир мекунад.
Хусусиятҳои биологии ин намуд таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво боиси таназзул ёфтани муҳити сукунат ва аз байн рафтани ин намуд мегардад.

пешина
аз 256
навбатӣ