КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Ғизои ин намуди чир-чирак гулбаргҳои настаран, барги юған, барги дарахтони паҳнбарг ва ғ.
мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво дар маҳалҳои сукунати ин намуд боиси аз байн рафтани он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз Дар мавзеъҳое, ки популятсияи ин намуд вуҷуд дорад назорат кардани чаронидани чорво зарур аст. Хамии он кўҳҳоеро, ки популятсияи чир-чираки хоракикус ба қайд гирифта шудааст таҳти муҳофизат қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Miram, 1935: Правдин. 1969; Айрапетьянц, Черняховский, 1979; Правдин, Мищенко, 1980.
МОҲИҲО
Pisces
ХОРМОҲӢ
Acipenser nudiventris Lovetzky, 1828 Қатори
Тосмоҳишаклон ‒ Aсipenseriformes Оилаи
Тосмоҳиҳо ‒ Aсipenseridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон аҳёнаҳён дар болооби дарёҳои Сир, Аму, поёноби дарёҳои Вахш, Панҷ, Қизилсу ва обанбори Қайроққум вомехўрад. Бори охирин солҳои 50-уми асри ХХ аз обанбори Қайроққум сайд карда шудааст.
Муҳити сукунат Қисми бештари ҳаёти худро дар баҳр мегузаронад ва барои тухмгузорӣ ба дарёҳо мегузарад.
Дар давраи тухмгузорӣ ҳазорҳо километрро паси сар карда, дар чуқуриҳои зери об зимистонро мегузаронад.
Саршумор
Соли 1956 аз поёноби дарёи Панҷ як адад хормоҳии аралии дарозиаш 170 см ва вазнаш 32 кг дошта шуда буд. Соли 1958 аз обанбори Қайроққум моҳичаи онро доштанд.
Аз поёноби дарёи Қизилсу бошад хормоҳие дошта шудааст, ки 12 кг вазн дошт. Дар даҳсолаҳои охир касе дар ҳудуди Тоҷикистон онро надоштааст.
Эҳтимол пурра нест шуда бошад.
Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳи сентябр аз баҳри Арал барои тухмгузорӣ ба Амударё ва дарёи Панҷ мегузарад ва дар чуқуриҳои дарё зимистонро мегузаронад. Дар соли оянда дар моҳҳои апрел аз 2000 то 1 млн адад тухм мегузорад. Баъди афзоиш аз сари нав ба баҳр бармегардад.
Моҳичаҳои аз тухм баромада баъди як сол сўи баҳр шино мекунанд. Онҳо дар 10-12 солагӣ болиғ мегарданд. Хормоҳиҳои болиғ дар ду сол як маротиба афзоиш мекунанд. Фардҳои 30-солаи хормоҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, дар маҷрои дарёҳо бунёд кардани иншооти гидротехникӣ, ки садди тухмгузории моҳӣ мегарданд, сабаби маҳдуд шудани саршумори хормоҳӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Қоидаҳои сайди моҳиро риоя намуда, дар дарғоти нерўгоҳҳои барқии обӣ иншооти моҳигузар бунёд намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1968; Грищенко, Кондур, Досматов, 1998; Расулов, 2011.
БЕЛБИНИИ КАЛОНИ
АМУДАРЁӢ
Pseudoscaphirhynchus kaufmanni (Bogdanov, 1874) Қатори
Тосмоҳишаклон ‒ Aсipenseriformes Оилаи
Тосмоҳиҳо ‒ Aсipenseridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Эндемики ҳавзаи баҳри Арал мебошад.
Дар дарёи Аму, поёноби дарёҳои Вахшу Панҷ ва кўлҳои мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар дарёҳо муҳити асосии сукунати он қаъри регдори об (чуқурии 1-2 м) аст. Дар ҷойҳои тезҷараёни дарё, ки обашон тира аст вомехўрад. Дар кўлҳои мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
баъзан барои ғизогирӣ ворид мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё