КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон алҳақ як неъмати худодод, як мўъҷизаи табиат, як порча замини биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем".
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
аз 2 августи с.2010 № 387 ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва бо мақсади пешгирии кам шудани саршумори ҳайвоноти нодир ва маҳдуд гаштани майдони табиии олами набототу ҳайвоноти камшуморе, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд ва таъмини рушди устувори гуногунии биологӣ дар экосистемаҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
- Таҳия ва нашри Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
- Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 1 марти соли 1979, № 67 «Оид ба таъсиси китоби хелҳои наботот ва ҳайвоноти камшумору нодири РСС Тоҷикистон Китоби сурхи РСС Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
аз 26 феврали с.2015 № 65 ш. Душанбе Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 7 ва 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот"
ва моддаҳои 7 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
(нармбаданҳо, ҳашарот, моҳиҳо, хазандагон, парандагон ва ширхўрон) Олами ҳайвонот ҷузъи таркибии гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Айни замон дар таркиби фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот маълум карда шудааст. Ноҳамвории релеф, мавҷудияти минтақаҳои гуногуни табиии дорои иқлимашон гуногун ва дар баландиҳои мухталифи амудӣ ҷойгир шудани онҳо, хусусиятҳои хос ва гуногунии бою рангини олами ҳайвоноти Тоҷикистонро муайян месозанд. Ташаккулёбии фаунаи Тоҷикистон дар давраи дуру дарози таърихӣ сурат гирифтааст ва мавҷудияти беш аз 800 намудҳои эндемикии ҳайвонот, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон вомехўранд, аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё