КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Мувофиқи талаботи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат (ИБҲТ) маълумотҳо дар Китоби сурх оид ба намудҳои нодир интишоргардида бояд тўли ҳар як даҳ сол вобаста ба тағйиротҳое, ки дар таркиби гуногунии биологии маҳал ба вуқўъ мепайвандад, таҷдид карда шаванд.
Ба Китоби сурх дохил ва хориҷ намудани ин ё он намуди набототу ҳайвонот бояд дар асоси маълумотҳои аниқи илмӣ ҷараён гирад. Дар солҳои охир дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуногунии биологӣ ва ҳолати ҳозираи ҷамоаи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу хайвонот маълумотҳои нави илмӣ гирд оварда шудааст, ки имконият медиҳанд, ҳолати ҳозираи ҷамоаи табиии онҳо аз нав баҳогузорӣ карда шаванд.
Бо назардошти зарурияти омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти № 121-ф гурўҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд. Аз ҷониби гурўҳи корӣ Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 387 тасдиқ карда шуд ва он ҳуҷҷати асосӣ барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар олимон ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд.
Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд дохил карда шудааст.
Номгўи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014 № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014 № 1 тасдиқ карда шудааст.
Вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад.
Изҳори боварӣ менамоем, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи душвори ҳифз ва таҷдиди захираҳои намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.
Президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ф. Раҳимӣ
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода
«Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё