Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Маълум нест. Эҳтимол дар водии Ҳисор аз байн рафта бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 6-15 см қад мекашад. Баргаш секунҷа, баъзан ҳолатҳо дилшакл (дарозиаш аз 3 то 6,5 см, бараш аз 1 то 2,5 см).
Сатҳи барг дандонашакл аст. Гулаш тоқа, косабаргаш нобаробари тухмшакл. Ранги гулбаргҳояш сафед, дар дохилаш рагҳои бунафш дорад. Аз тухм зиёд мешавад.
Як бехи он 60-90-то тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Кушодани заминҳои нав. Ба мақсади хоҷагӣ истифода бурдани замини маҳали рушди бунафша боиси камшумориаш гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ буда ба пуррагӣ омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳали руши онро пурра муҳофизат намуда, чун гули ороишӣ парвариш бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Юзепчук, 1949; Бочансев, 1959.
ХОТУНАКИ БУХОРӢ
Zygophyllum bucharicum В. Fedtsch.
Оилаи Zygophyllaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир.
Паҳншавӣ
Фақат дар нишебии ғарби қатор­ кўҳи Ариқтоғ (муҳити Чилучорчашма) вомехўрад, ин чунин дар доманакўҳхои Кўҳитангу водии Шеробод (Ўзбекистон) ва дар Афғонистони Шимолӣ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нимсаваннаҳо, байни набототи хоклесу шўрагиҳо (дар баландиҳои 650-720 м аз сатҳи баҳр) нашъунамо меёбад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Z. dumosum Boiss. (Фаластин) қаробат дорад.
Шумора
Гиёҳест, ки тоқа-тоқа ё гурўҳгурўҳ месабзад. Шумораи умумии он маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест, ки то 35-75 см қад мекашад.
Баргаш нештармонанд.
Паҳнаки баргҳои нави он бо мўякҳо пўшида шудааст. Гулаш зард. Моҳи апрел гул карда, мевааш моҳи июн мепазад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар мавзеъҳои рушди хотунак чаронидани чорво ва даравидани он боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳ мегадад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм мерўяд.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз бояд кард, таъсиси парваришгоҳ ва роҳи кишти ин гиёҳро дарёфтан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова, 1949; Запрягаева, 1976; Астанова, 1970; Камелин, 1973., Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХОТУНАКИ ДАРВОЗӢ
Zygophyllum darvasicum Boriss.
Оилаи Zygophyllaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикистон аст.
Паҳншавӣ
Дар якчанд муҳити нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Дарвоз (наздики деҳоти Даштак, Кўрговад, Пошхарв ва Тоғмай) мерўяд.
Намудҳои ҳамшабеҳ Ба Z. atriplicoides Fisch. et C. A.
Меу. (мавзеъҳои шарқи ноҳияи Баҳримиёназамини дим) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху шағал месабзад, баъзан якҷоя бо шибоғ хотунакзор (дар баландиҳои 1500- 2000 м аз сатҳи бахр) вомехўрад Шумора
Тоқа-тоқа ё тўп-тўп (қариб 5-10 м2) мерўяд. Миқдори умумиаш номаълум аст. Ба ҳар ҳол кам аст.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Хотунакро одамон барои эҳтиёҷи хоҷагӣ мебуранд, дар натиҷа камшумор ва муҳити рушд маҳдуд мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди хотунакро катъй ҳифз кардан, парваришгоҳ таъсис намудан ва кишти онро санҷидан лозим.

пешина
аз 256
навбатӣ