КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Тирай, атрофи деҳаҳои Арзанҷӣ ва Парвар вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху сершағал, аксар дар арчазори омехта бо дарахтзори паҳнбарг (дар баландиҳои 1600-2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба V. diodon Boiss., ки дар минтақаи кўҳистони Осиёи Марказӣ мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Маълум карда нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи яксола, қадаш ба 10-15 см мерасад. Бехи навдааш пашмакдор, болояш душоха. Баргаш дандонадор, баргҳои болоӣ назар ба баргҳои поёнӣ калонтар мебошанд.
Гулаш кабуд, мевааш дарозаки ҳамвор, баробари пухтан тез мерезад. Моҳи май гул карда, июн мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар маҳаллҳои рушди он чарондани чорво ва кишти зироати кишоварзӣ боиси камшуморӣ ва маҳдудшавии макони сабзиши нардсунбулаки кўлобӣ гаштаанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Ҷои зисти онро ҳифз кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, 1988.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПАНҶАНГУШТ (СИМОЛӢ)
Vitex agnus-castus L.
Оилаи Verbenaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камшумор ва ороишӣ.
Муҳити рушд
Дар водиҳо, нишебиҳои санглохи сершағал ва хокӣ, ҷангалзори гармсери сирак (дар баландиҳои 300-1200 м аз сатҳи баҳр) дучор меояд.
Аз тухм ва узвҳои нашвӣ зиёд мешавад.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (ҳавзаи дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон), қаторкўҳҳои Рангон, Вахш, Қаратов ва Боботоғ вомехўрад.
Дар Кабуддоғ, Кавказу Қрим, мамлакатҳои ноҳияҳои Баҳримиёназамини қадим низ месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Мавқеи мустақил дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Буттаи хеле зебо ва хўшбў аст.
Сокинони таҳҷоӣ онро барои ҳезум мебуранд, ки дар натиҷа то рафт кам шуда истодааст.
Шумора
Кам аст. Дар панҷангўштзоре, ки дар ҳавзаи дарёи Варзоб ҷойгир шудааст, тақрибан 1000 бех буттаи он ҳаст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ мепарваранд, вале панҷангушти худрўи Тоҷикистон эҳтимол навъи дигар бошад. Аз Хусусиятҳои биоморфологӣ тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд меДар шароити табиӣ буттаест то шавад.
2,5 м қад мекашад. Баргаш тунуки нўгтез буда, 3-5 ва 7-парра мешавад.
Моҳҳои июл гул мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Буттаи ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз Панҷангуштзори табиии боқи мондаро ба ҳисоб гирифта, парваришгоҳ таъсис намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1976.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БУНАФШАИ ҲИСОРӢ
Viola hissarica Juz.
Оилаи Violaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Тоҷикистони Марказӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камёб ва нодир. Дар марҳилаи нестшавӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Фақат дар яке аз маҳалҳои водии Ҳисор (ҷанубтар аз ш. Душанбе) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба V. turkestanica Regel et Schmalh, ки дар Тиёншони Ғарбӣ (қаторкўҳи Қурама) ва ғарби Помиру Олой маъмул аст, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар торфзамини водии Ҳисор (дар баландиҳои 750 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо