Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Дар чанд муҳити рушд парваришгоҳ барпо кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Бобоев ва диг., 2010; Шарифов ва диг., 2011.
СИЁҲГЎШ
Juno nicolai Vved.
Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир, дар шароити табиӣ ниҳоят кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (қаторкўҳҳои Ҳисор, Вахш, Ҳазратишоҳ, Ғози малик) ва ноҳияҳои ҳамшафати Ўзбекистон дучор меояд. Дар Афғонистон низ месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, бештар дар ҷангалзори омехтаи гармсер (бодомзор, тўғзор ва ғайра) дар баландии аз 900 то 2000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. rosenbachiana (Regel) Vved.
(ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Гурўҳ-гурўҳ ё баъзан тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Гулаш бунафш (дарозиаш 12-14 см), найчаи пояаш хокистарранг. Моҳи январ-апрел гул карда, апрелмай самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гули зебои навбаҳор аст. Баҳорон сокинони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ даста-даста сиёҳгўш мечинанд.
Ба таври оммавӣ бо бехаш ҷамъ кардани гули сиёҳгўш ба нашъунамои он таъсири бад мерасонад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
Дар боғи набототи ш. Душанбе ва ш. Кўлоб сиёҳгўшро парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Даста-даста чиндани сиёҳгўшро қатъӣ манъ кардан, дар маҳалҳои гуногуни сабзиш, ки он фаровон аст, парваришгоҳ барпо намудан лозим.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Бобоев ва диг., 2010; Шарифов ва диг., 2011.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ НАВРЎЗӢ
Juno tadshikorum Vved.
Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тоҷикистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро фақат дар як муҳити қаторкўҳи Дарвоз (байни Саридашт ва деҳаи Тавилдара) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои санглох (дар баландиҳои 2600-2800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. parvula Vved. (ғарби Помиру Олой) ва J. popovii Vved. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола буда, решаи ғафс дорад. Қутри пиёзакаш 1,5-2 см. Пояаш баланд (5 см), баргҳояш бо ҳам наздик ҷойгир шудаанд. Дар як поя 1-4 гул мешукуфад.
Ранги гулаш бунафши равшан. Дарозии гулбаргҳои берунааш 4-4,5 см, дохилиаш 1,5 см.
Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва роҳкушоӣ боиси камшуморӣ ва маҳдудии он мегардад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи маҳалҳои нави рушди гули наврўзӣ, парвариш ва дарёфти тадбирҳои амиқи муҳофизат зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963.
ГУЛБАҲОР
Juno zaprjagajevii N. Abramov Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

пешина
аз 256
навбатӣ