Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Кам аст, дар муҳити хеле маҳдуд месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 25-35 см қад мекашад. Баргаш шамшершакл, каме аз поя кутоҳтар аст.
Гулаш дар як поя ду адад мебошад.
Гулбаргаш (5-6 см) хокистарранг ё хокистарранги бунафш, бо рагҳои бунафш пўшида шудааст. Тухмаш мурудшакл.
Моҳҳои апрел-май гул карда, май-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво, роҳкушоӣ ва киштукор дар доманакўҳҳо.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад.
Аз соли 2003 дар Боғи ботаникии ш. Кўлоб парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Парваришгоҳ барпо кардан ва дар боғҳои наботот онро парваридан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963.
НАВРЎЗӢ
Juno baldshuanica (O. et B. Fedtsch.) Vved.
Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро дар қаторкўҳи Дарвоз пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдору хокӣ, аксар дар буттазор (дар баландиҳои 1600-2000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. bucharica (Foster) Vved.
(ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор, решаи ғафс дорад. Қутри пиёзакаш тақрибан 1,5 см. Поя надорад, баргҳояш бо якдигар наздик ҷой гирифта, якҷоя бо гул месабзанд.
Гулаш зард. Гулбаргҳои берунааш дароз (4,5 см), даруниаш кўтоҳ (2 см).
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва пиёзак (нашвӣ) зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити сабзиши наврўзӣ чаронидани чорво, роҳкушоӣ боиси камшумории он мегардад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои нави рушди наврўзиро ёфтан ва дар боғҳои наботот парваридани он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАВРЎЗГУЛАК
Juno leptorrhiza Vved.
Оилаи Iridaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир, ниҳоят кам вомехўрад.
Паҳншавӣ
Дар ҷануби Помиру Олой (қаторкўҳи Табақчӣ, Челонтоғ, Қаратови назди д. Панҷ, кўҳсори Хоҷамастон ва Хоҷамуъмин, маркази ноҳияи Темурмалик) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни наврўзиҳои Баҳримиёназаминӣ хелҳои шабеҳи наврўзгулак нестанд.
Муҳити рушд
Дар теппаҳои зардхок ва ҷинсҳои рангон (дар баландиҳои 500-600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа месабзад.
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании пиёзакдор, решааш борики риштамонанд. Қутри пиёзакаш то 1 см. Аз 3-4 барг (бараш 7-10 мм) иборат аст. Гулаш 1-2 адад, рангаш бунафши сабз.
Моҳи март гул карда, апрел мева меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва истифодаи заминҳое, ки наврўзгулак месабзад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз соли 2006 дар Боғи ботаникии ш. Кўлоб парвариш мешавад; ниҳоли аз тухм рустаи он соли 4-5 гул мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ