Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи қатъии ғешазорҳо.
Сарчашмаи иттилоот:
Kpeчeтoвuч, 1963, Егорова, 1976, Флора Таджикской ССР, т. II, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЧИЛВАНГ (АНГУРЧӢ)
Diospyros lotus L.
Оилаи Ebenaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Дарахти қадимаест, ки муҳити рушди он торафт маҳдуд шуда истодааст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камшумори ғизоӣ ва ороишӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Ареали тоқа-тоқа дорад. Чилванги худрўй дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Дарвоз ва Ҳисор, берун аз марзи ҷумҳурӣ дар Кавказ мерўяд. Дар кишварҳои назди Баҳри Миёназамин, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Хитой ва Япония низ месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои офтобрўя ва сернам, бисёр вақт дар шахҳои нишеб (то 50°) дар баландиҳои 1000- 1800 м аз сатҳи баҳр мерўяд. Бештар бо чанор, ток, анҷир, дулона, мармиҷон ва ғ. ҳамроҳ месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба D. kaki L. ва D. armata Hemsl.
(Хитойи Шимолӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дар шароити табиӣ то 20 м қад мекашад. Пояаш рост (қутраш то
40 см). Баргаш нештаршакл буда, то 14 см дарозӣ ва 4,5 см паҳнӣ дорад. Гулаш нарина ва модина аст. Гулҳои модинааш тоқаи зангўлашакланд. Миқдори мевабаргҳо аз 4 то 10 адад. Гули наринааш
16 гардбарга дорад. Мевааш гирд буда, аз 6-10 тухм иборат аст. Моҳи май гул мекунад.
Мевааш моҳи октябр мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз худ кардани муҳити рушд, буридани дарахт ва ҷамъоварии меваи он.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Ниҳолаш хуб месабзад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании мевадор аст. Барои селексия аҳамияти калон дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои ҳифзи чилвангзорҳо парвариши онро дар хоҷагиҳои ҷангал ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Грубов, 1952; Запрягаева, 1964; Чукавин, 1966.
ШИРИНЧАИ МАЙДАҲАК
Andrachne pusilla Pojark.
Оилаи Euphorbiaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси қисми ғарибии Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳҳои Fозималики Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехўрад. Аз рўи баъзе маълумот дар Афғонистон низ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар тарқиши оҳаксангҳо (дар баланди тақрибан 900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намудҳои A. pulvinata Pojark.
(Эрони Шимолӣ) ва A. Pigmaеa C. Koss. (шимоли Помиру Олой) хеле монандӣ доранд.
Шумора
Маълум нест. Ширинчаро ғайр аз намунаи асосиаш такроран ҳеҷ кас начиндааст. Эҳтимол нест шуда бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, аз 10 то 12 см баландӣ дорад. Навдааш ғафс, гулаш яктоӣ дар бағалаки барг ҷойгир мебошад. Гулҳои мардона думчаи борик, гулҳои занона думчаи кўтоҳ доранд. Моҳи сентябр гул ва мева ҳосил менамояд.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Эҳтимол аз байн рафта бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи намудро дар табиат ҳар чи зудтар омўхтан ва муҳити рушди онро ҳифз намудан зарур аст.

пешина
аз 256
навбатӣ