КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Намуди ҳамшабеҳ Ба R. kokanica (Regel et Schmalh.) Boriss. (доманаи қаторкўҳи Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Дар табиат адади он камтар аз 500 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пояҳояш 3-5 (10) см. Танаи мўякдор. Баргаш наздирешагӣ, паҳни нўгтез аст.
Баргҳо луч мебошанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз таъсири омилҳои тасодуфии хоҷагидории инсон зери нестӣ қарор дорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гиёҳи ороишист. Ҳоло миқдоран кам ва рушдгоҳаш дар натиҷаи фаъолияти инсон хеле маҳдуд шудааст.
Мумкин солҳои наздик дар ҳудуди Тоҷикистон тамоман нест шавад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳофизати қатъии ушкуфа дар табиат ва кишти он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова, 1939, 1969, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҲАЗОРҶЎШОН
Bryonia lappifolia Vass.
Оилаи Cucurbitaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ғозималик ва Ариқтош мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, оҳакшах ва пистазори сирак (дар баландиҳои 1000-1400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба B. melanocarpa Nabiev, ки дар биёбони Қизилқум мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Бори аввал аз рўи ҳазорҷўшони «модкин», ки аз қаторкўҳи Ғози малик чиндаанд, тавсиф кардаанд.
«Наркин»-и онро баъдтар аз қаторкўҳи Ариқтош пайдо кардаанд ва дар ҳар ду ҳолат ҳам ҳазорҷўшон ҳамагӣ 1-2 бех буд.
Эҳтимол миқдори ҳам наркин ва ҳам модкини он аз табиат рафта бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи ҷудоҷинсаи қадимист, бо душворӣ афзоиш меёбад. Пояҳои хазанда дорад. Баргаш содда аст.
Қисми болои барг бо мўякчаҳо пўшонида шудааст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз чаронидани чорво зарар мебинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Миқдори ҳазорҷўшонро муайян, нашъунамояшро назорат ва парвариши онро санҷидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Васильченко, 1957.
ҒЕШАИ БУХОРӢ
Carex bucharica Küкenth.
Оилаи Суреrасеае Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Ареалаш пароканда (аз ҳавзаи дарёи Сангардак ва қаторкўҳи Боботоғ то қисми ҷанубии Дарвоз). Дар қисми ҷанубии Тоҷикистон дар чандин маҳал ҷоҷо ба миқдори кам боқӣ мондааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии чимдор, регсангзори сурх, нишебиҳои шағалу сангрезаҳо дар баландиҳои 700-1700 (2300 м) аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Аз рўйи сохти халтачаҳо (перегинияҳо) ба зеравлоди Psyllophora-и авлоди "Carex" хеле монан дӣ дорад.
Шумора
Гоҳ-гоҳ вомехўрад. Баъзан ғешазорҳои фаррох ба вуҷуд меоянд ва онҳо дар пистазорҳои рангон мавқеи асосӣ доранд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола аст; чим ҳосил мекунад. Пояаш рост. Мевааш чормағзшакли сеқира аст.
Моҳҳои апрел-май гул мекунад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Самараш аз моҳи апрел то моҳи июн мерасад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст. Аз тухм зиёд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё