Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Гули ороишӣ аст. Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Чиндани гулҷеғро манъ карда, ҳаматарафа омўхтан лозим аст.
Онро парвариш ва муҳофизат бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Тахтаджян, 1970, 1975; Чукавина, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЗИРК (ЗИЛОЛ)
Berberis heteropoda Schrenk Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир.
Паҳншавӣ
Помиру Олай, Тиёншон, Хитои Ғарбӣ, Шимолу Ғарбии Муғулистон (дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр ёфт шудааст).
Муҳити рушд
Нишебиҳои кўҳ ва водии дарёҳои кўҳии минтақаи гармсер ва буттазорҳои ксерофилӣ.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Теъдодаш кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи баландиаш то 2,5 м.
Навдаҳои бисёрсолааш тираранг, баргаш бедандона, дарозиаш то 4 см, бо хорҳои кўтоҳ пўшида шудааст.
Хўшагулаш кўтоҳи чатрмонад ё сипаршакл, аз 4-12 гул иборат аст. Мевааш 2-5 адад тухми қаҳваранг дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: буридани растанӣ бо мақсади тайёр намудани қиём (аз навда, поя ва решаи он); истифодаи маҳали рушд ҳамчун чарогоҳ Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва узвҳои нашвӣ (решанавда) зиёд карда мешавад. Моҳи июн гул карда, моҳҳои сентяброктябр самар меорад. Дар аксар боғҳои ботаникӣ парвариш меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти калони ороишӣ, табобатӣ ва селексионӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Назорати ҳолати рушдгоҳ, маҳдуд намудани ҷамъоварии мева ва истифодаи муҳити рушд ҳамчун чарогоҳ.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Давлатов, 2007, 2012.
ЗИРКИ СУРХ (ЗИЛОЛИ СУРХ)
Berberis iliensis M. Pop.
Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда (Помиру Олой, Тиёншон). Дар Тоҷикистон дар қисмати болоии чашмаи Оқбулоқи қаторкўҳи Ғозималик ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар шахҳои сангрезадор, аксар дар хамиҳои гачу санглох ва арчазорҳо (дар баландиҳои 1000- 1800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Кам буда, ҳамчун буттаи алоҳида ё дарахти начандон калон мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи хордор, баландиаш то 3 м.
Баргаш ғафс, суфта, ҳамвори нештаршакл, белчамонанд ё яклухт ва байзашкл; канори баргҳои навдаҳои бесамар хор дорад. Дарозии хўшагулаш то 5 см. Мевааш ғуҷуммева, тумхшакли дарозрўя, сурхи сафедтоб.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: буридан, ҷамъоварии мева, истифодаи аз
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae меъёр зиёди муҳити рушд ҳамчун чарогоҳ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тавассути тухм ва узвҳои нашвӣ зиёд карда мешавад. Моҳи май гул карда, август – сентябр самар меорад. Дар аксар боғҳои ботаникӣ парвариш карда мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти ороишӣ, табобатӣ, ғизоӣ ва селексионӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Пурзўр намудани назорати давлатӣ ва парвариши он дар хоҷагиҳои ҷангал.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Красная книга СССР, 1984; Красная книга Казахской ССР, 1981; Давлатов, 2007, 2012.

пешина
аз 256
навбатӣ