КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
(Помири Шарқӣ) монан дӣ дорад.
Шумора
Миқдораш хеле кам аст. Тоқа – тоқа ё чандтоӣ вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 5-15 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 4-15 см) дар рўи замин дар гирди поя ҷойгир аст. Гулаш найчашакл ё забоншакл, рангаш зард. Июн – июл гул карда, июл – август САПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae мар меорад. Асосан аз тухм ва реша зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди ширдорак мунтазам чаронидани чорво боиси нест шудани он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Асосан аз тухм ва қисмҳои реша зиёд мешавад. Дар шароити сунъӣ парвариши он санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар баҳор баргҳои ин намудро барои хўроки кабк истифода мебаранд.
Аҳамияти тиҷоратиаш омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити сабзиши ширдоракро муайян карда, ҳифзи онро ба роҳ мондан даркор. Дар шароити Боғи ботаникии Помир кишти растаниро омўхтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Шишкин, 1964; Иконников, 1979; Денгубенко, 1984; Наврузшоев, 1998.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШИРДОРАКИ ШУҒНӢ
Taraxacum schugnanicum Schischk.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помири Ғар бӣ (Бадахшон) аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Таҳқиқ нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат аз мавзеъи Ҷавшангози водии дарёи Шахдара (қаторкўҳи Шуғнон) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар шибарзамин, нишебиҳои санглох, шағалҷой, минтақаи даштҳои холии хоралафзор (дар баландии зиёда аз 3000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Т. pingue Schischk., ки дар кўҳистони Ҷунғару Тирбоғтой маъмул аст, монанд мебошад.
Шумора
Хеле кам аст. Мумкин нест шуда бошад. Миқдори умумиаш маълум нест. Онро соли 1897 С.Коржинский чиндааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, қадаш 3 – 15 см. Пояаш рости кўтоҳ. Решааш ғафс. Баргаш нештаршакл, бонавбат дар поя ҷойгир аст (дарозиаш 3-10 см, бараш ва 0,5-1 см).
Гулаш зард, дар сабадча ҷой дорад.
Мевааш тухмак. Моҳи август гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво, корам кардани заминҳои нав ва омилҳои дигари хоҷагидории инсон.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол аз тухм зиёд шавад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи маҳалҳои наве, ки ширдорак мерўяд, кишти он дар Боғи набототи Хоруғ.
Сарчашмаи иттилоот:
Шишкин, 1964; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ГУЛҶЕҒ
Gymnospermium darvasicum (Regel) Takht.
Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи камёфт. Хоси қаторкўҳи Дарвоз.
Паҳншавӣ
Онро фақат дар нишебии ҷануби қаторкўҳи Дарвоз (атрофи деҳоти Ширговат ва Ёгедсой) ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минтақаи ҷангали сираки гармсер (шибляк) дар баландиҳои 1250-2000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. аlberti (Regel) Takht: (Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Гурўҳ-гурўҳ ё яктоӣ мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Решааш лўндашакл аст. Баргаш себарга, гулаш зард. Аз тухм зиёд мешавад.
Мевааш 1-4 адад тухм дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Азбаски хеле камшумор буда, онро ҳамчун гули навбаҳор мечинанд, барҳам хурданаш мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё