КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Эҳтимол дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии инсон қир шуда бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Оиди парвариш маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат онро бояд ҷустуҷў кард ва дар ҳолати дарёфтан мавзеъи рушдро ҳифз намуд. Парвариши ин намуди хоралафро дар шароити таҷриба озмудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1991; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
МАРҶОНГУЛАК
Erigeron badachschanicus Botsch.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи камёфти хоси Помири Ғарбӣ (Бадахшон) аст.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити Помири Ғарбӣ (атрофи Хоруғ) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба E. elongates Ledeb., ки хеле маълум аст, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар канори ҷўйбору рўд, дар минтақаи биёбон, даштҳои зўлзадазор (дар баландиҳои 2300- 2500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола буда, то 25
-50 см қад мекашад. Тиррешаи сершоха, як ё чанд поя дорад.
Шохаҳояш хокстарранги сурхчатоб.
Баргаш мудаввари суфта (дарозиаш 1-6 см), мўякдор. Июниюл гул карда, июл-сентябр самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири гуногуни омилҳои хоҷагидории инсон боиси дар ТАБИПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae ат кам гаштани марҷонгулак шудаанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш карда нашудааст, дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебо дорад, бинобар ин онро ҳамчун растании ороишӣ истифода бурдан мумкин аст. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухмӣ ва санҷидани парвараши он дар шароити боғҳои ботаникӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансев, 1959; Наврузшоев, 1998, 2013.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЮРИНЕЯИ ДАРВОЗӢ
Jurinea darwasica Iljin Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Помиру Олойи Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Дарвоз ва Помири Ғарбӣ паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минтақаҳои хоралафдор, қитъаҳои ҷангалзори гармсер ва даштҳои биёбонгаштаи болиштакхор (дар баландиҳои 1700-3700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. algida Iljin (Тиёншон ва Помиру Олой) ва J. nivea C. Winkl.
(водии Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Дар ҳамаи популятсияҳои мавҷуда тоқа-тоқа месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 7-10 см қад мекашад. Пояаш қариб ба баргҳо баробар аст. Баргаш (дарозиаш 6-7 см, бараш 1-1,5 см) барбатшакл.
Сабадакаш (қутраш 2-4,5 см) тоқа, гулаш (дарозиаш 1,8-2 см) рост, тухмаш пўпакдор (дарозиаш 1,3-1,5 см), аз мўякҳои гуногун иборат буда, ба ҳалқа пайваст шудааст. Моҳи июл гул карда, сентябр мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Номаълум. Аз сабаби ҷудо ва камшумор будани популятсияҳо, зери таъсири омилҳои хоҷагидории инсон аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити сунъӣ қайд нагардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё