Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Баргаш ғафси хордор. Сабадакаш (қутраш то 30 см) тоқаи курашакл, бо мўякчаҳои нафиси тортанамонанд пўшида шудааст.
Донаш (дарозиаш қариб 4 мм) хокистарӣ, сиёҳтоби суфта. Майиюн гул карда, июн - июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаолияти хоҷагидории инсон, аз ҷумла корҳои ҷустуҷўи маъданҳои кўҳӣ популят­ сияҳои қисми марказии кўҳи Муғул сахт зарар дидаанд. Аз ҳад зиёд чаронидани чорво низ ба муҳити рушди он таъсири манфӣ мерасонад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Кўшишҳои аз тухм зиёд кардани он дар Боғи ботаникии Хуҷанд натиҷаи мусбат надод.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Зери назорати ҳамешагӣ қарор додани ҳолати популятсия, омўзиши хусусиятҳои биологӣ дар табиат.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1991; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ХОРАЛАФИ КАМШОХЧА
Cousinia pauciramosa Kult.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси Тоҷикистони Шимолӣ (кўҳи Муғул) мебошад.
Паҳншавӣ
Фақат дар се маҳал (кўҳҳои Муғул, Барс ва Тоғайтол) ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалзамин ва санглохи минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 1400- 1600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба C. microcarpa Boiss. қаробат дорад.
Шумора
Ба миқдори кам вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании дусола, то 40 см қад мекашад. Баргаш нарми нештаршакл.
Сабадакаш (қутраш то
25 см) тухмшакли сергул буда, дар нўги навдаҳо тоқа-тоқа ҷойгиранд.
Тухмаш (дарозиаш қариб 4,5 мм) дарозрўя, хокистаргуни сиёҳтоб. Моҳҳои июн- июл гул карда, июл-август мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои хоҷагидории инсон: аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар мавзеъҳои рушд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Дар шароити сунъӣ парварида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Назорати доимии ҳолати популятсияҳои намуд, дар табиат омўхтани хосиятҳои биологӣ, танзими чаронидани чарво.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1991; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХОРАЛАФИ ҒУЛӢ
Cousinia ulotoma Bornm.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси Помиру Олойи Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Зарафшон паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои маҳинхоки нимсаваннаи хўшадорон ва ҷангалзори гармсер (дар баландии 1200-1500 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба C. grisea Kult. (қаторкўҳҳои Ҳисор) қаробат дорад.
Шумора
Муайян карда нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании дусола, то 20 см қад мекашад.
Баргаш тунук, аз ҳар ду тараф патдор, паршакли буридашуда.
Сабадакаш (бараш қариб 9 мм) устувонашакл, 20 -30 адад гул дорад. Гултоҷаш зардчатоб. Тухмаш (4 мм) дарози сиёҳча. Моҳи июл гул карда, мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Танҳо дар байни деҳаҳои Мадм ва Кум ба мушоҳида расидааст.
Фақат як маротиба дар охирҳои асри гузашта аз тарафи В. М. Комаров чинда шудааст. Сафарҳои сершумори солҳои охир дар дарёфти намуд натиҷа надоданд.

пешина
аз 256
навбатӣ