Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Баргаш 3-4 адад. Чатри мудаввари сергул ва зич дорад. Гулбаргаш сабзранг, дарозиаш 3,5 мм. Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Моҳи май гул карда, июн-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: эҳтимол чарондани ҳайвонот.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро мехўрад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҷамъоварии тухму пиёзакҳо ва кишти растанӣ барои ҳифзи он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963.
КАҲПИЁЗ
Allium lipskianum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд: Помиру Олойи Ғарбӣ. Дар Тоҷикистон фақат дар ноҳияи набототии Ҳисору Дарвоз дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкўҳи Ҳисор ёфт шудааст.
Намуди ҳамшабеҳ Хелҳои ҳамшабеҳи он дар ноҳияҳои шимолтари Осиёи Марказӣ мерўянд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, одатан, дар ҷойҳои соя ва намнок, зўлзадазор ва арчазор месабзад.
Шумора
Дар маҳалле, ки каҳпиёзро пайдо кардаанд, даҳҳо бех месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш дарозрўяи байзамонанд (қутраш 1-1,7 см), бо ҷилди нафис пўшида шудааст. Пояаш мустаҳкам, 32-50 см қад мекашад; қариб 1/2 ҳиссаи онро ғилофаки суфтаи барг пўшидааст. Баргаш зиёда аз 3 адад, дарозиаш ба поя мерасад. Чатри мудаввари сергул, гулбаргҳои сабзранг дорад.
Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Моҳи май гул карда, июн-июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: рушди сайёҳӣ ва чарондани чорво дар ҳавзаи дарёи Варзоб хавфи асосии нест шудани каҳпиёз мебошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар таҷриба санҷида нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро мехўрад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Аниқ кардани ҳолати табиии он, ташкил намудани парваришгоҳҳои хурд.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1971; Камелин, 1973.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПИЁЗАК
Allium minutum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва хоси қаторкўҳи Пётри I аст.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд: шарқи Помиру Олой. Дар ноҳияи набототии Тоҷикистони Шарқӣ ва фақат дар водии дарёи Муғсу, поёнтар аз Олтинмазор чинда шудааст.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. аnisopetalum Vved. (ғарби Тиёншони Ғарбӣ ва шимоли Помиру Олой) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар сарҳади болоии минтақаи боландкўҳ дар баландиҳои 3000- 3200 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Маълум нест. Онро бори дигар (баъд аз Б. Федченко) чиндан муяссар нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш дарозрўяи байзамонанд (қутраш 1-1,5 см), бо ҷилди нафиси сурхча ё хокистарранг пўшида шудааст. Пояаш мустаҳкам, 45-85 см қад мекашад.
Наздики 1/2 ҳиссаи он бо ғилофаки баргҳо пўшида шудааст.
Баргаш 3-4 адад. Чатраш мудаввари сергул ва зич. Гулбаргаш сабз (дарозиаш 3,5 мм). Ба воситаи тухм ва пиёзак зиёд мешавад.

пешина
аз 256
навбатӣ