Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои наботот нашъунамои хуби растанӣ қайд гардидааст.
дарёи Исфара, атрофи Ворух) ёфт шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола аз 10 то 25-
30 см қад кашида, 2 барги суфтаи риштамонанд (бараш 0,5-1,0 мм) дорад. Гулбаргаш ҳангоми сабзиши растанӣ сафед, вале ҳангоми Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун хўриш дар ғизои инсон маълум нест, аммо чорво онро мехўрад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таҳқиқи мукаммал, ба воситаи тухмӣ ва пиёзак кишт кардан ва парваридани он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Флора Таджикской
ССР. Т. II., 1961.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЧЎЛПИЁЗ
Allium ferganicum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва хоси водии Фарғона.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда. Дар Тоҷикистон дар доманакўҳҳои Муғул (атрофи Хуҷанд, Сомғар, Оқбел), қаторкўҳи Туркистон ва Олой (Тоҷикистон, Ўзбекистон) дарёфт гардидааст.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. lehmannianum Merckl., ки дар Бедпакдала ва биёбони Наздиарал мерўяд, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар ҷинсҳои кушоди рангон, шўрзамини минтақаи биёбони шибоғзор (тақрибан дар баландиҳои 450-1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш байзашакл (қутраш 0,5-1,0 см), бо пардаи хокистарранг, поёнтар аз он бо пўсти зардча пўшида шудааст. Аз пиёзак як, баъзан ду поя месабзад, ки 10-20 см баландӣ дорад. Баргаш найчамонанди борики печутобхўрда.
Гулбаргаш нилобии нўгтез, 4-5 мм. Моҳи май гул карда, июн самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: аз худ кардани рушдгоҳ ва маҳдуд шудани муҳити сабзиши он.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғу парваришгоҳҳои наботот таҳқиқ нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун растании ғизоӣ маълум нест. Чорво онро мехўрад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Тадқиқ, ҷамъоварии тухмӣ ва парвариш кардани он.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1924, 1963, 1971.
ЗАРДПИЁЗ
Allium flavellum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҳавзаи дарёи Варзоб.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир аст.
Паҳншавӣ
Ареали маҳдуд дорад. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ дар чанд маҳал месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. dolichomischum Vved., ки дар қаторкўҳҳои Ҳисор ареали нисбатан васеъ дорад, монанд мебошад.
Муҳити рушд
Дар фарку чормағззор, нишебиҳои санглох ва хокӣ (дар баландиҳои 1000-1400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Баъзан тўда-тўда, то 20-30 бехӣ дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш 1-3 адад буда, байзашакл аст; бо ҷилди бўрранг ё зарди тўршакл пўшонида шудаанд.
Гулбаргаш зардчаи нўгтез (дарозиаш 6-8 мм). Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: муҳити рушди он ҳангоми роҳкушоӣ, бунёди
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae фароғатгоҳҳо ва чаронидани чорво зарари ҷиддӣ мебинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар парваришгоҳи набототи Кондара таҷриба кардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун хўрока дар ғизои инсон муҳим нест, аммо чорво онро истеъмол мекунад. Гиёҳи хеле зебо буда, дар оянда ҳамчун растании ороишӣ истифода бурдан мумкин аст.

пешина
аз 256
навбатӣ