КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои регу шағалдор, регзори бешаҳо якҷоя бо саксаул, ҷузгун, черкез (дар баландиҳои 400-500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар муҳити рушдаш ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи сершоха, то 2 м қад мекашад.
Пўстлохаш хокистарранги лифдор. Навдааш сабзи кабудча, баъдтар суфта ё дурушт мешавад (5-6 мм). Чалғўзачааш 1-2 (3) тухм
ЛУЧТУХМҲО
Gymnospermae дорад. Тухмаш дарозрўя (6-8 мм), бо пўстлохи сафедранг пўшида шудааст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омили антропогенӣ:
мунтазам чарондани чорво ва ҷамъоварии растанӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Шираи навдаҳои он 14-16% протеини хом дорад, бинобар ин ғизои хуби чорвост. Аҳолӣ онро ҳамчун ҳезум ҳам истифода мебарад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ташкил кардани парваришгоҳ дар маҳаллаи рушд, Парвариш дар шароити сунъӣ Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. I., 1957.
ЛУЧТУХМҲО
Gymnospermae
ХОМАИ ФОРСӢ
Ephedra persica (Stapf) V. Nik.
Оилаи Ephedraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт. Барои муқаррар кардани таҳаввулоти лучтухмон муҳим аст.
Паҳншавӣ
Ареали парокандааш дар Осиёи Марказӣ (ғарби Памиру Олой, Бодхез) ва Афғонистон дучор меояд.
Дар Тоҷикистон ягон-ягон дар ҷануби кишвар дарёфт гардидааст.
Муҳити рушд
Дар доманакўҳ ва кўҳҳои на он қадар баланд (аз 400 м до 2300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар муҳити рушдаш ягон-ягон қайд гардидааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи сершоха, 40-100 см қад мекашад.
Пояаш сахт, пўстлохаш хокистарранг, кундарешааш хазанда.
Навдааш рост, сабзи равшан, баъдтар кабудчатоб ва каме дурушт мешавад (ғафсиаш 2-3 мм). Чалғўзаҳояш мудаввар (қутраш 5 мм), дутогӣ тухми дарозрўя доранд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омили антропогенӣ:
мунтазам чарондани чорво ва ҷамъоварии растанӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Навдааш ғизои хуби чорвост.
Солҳои охир дар популятсия ягон-ягон боқӣ мондаанд. Дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор гирифтааст.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи маҳали рушд.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. I., 1957.
ПИЁЗИ ГУНОГУНПАЛЛА
Allium anisotepalum Vved.
Оилаи Alliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Помиру Олой ва Тиёншон аст.
Паҳншавӣ
Шимоли Помиру Олой ва ғарби Тиёншон. Дар ноҳияи набототии қаторкўҳи Туркистон, ҳудуди шаҳри Истаравшан дар чанд маҳал дарёфт гардидааст.
Муҳити рушд
Дар настаранзори сирак, арчазори кўҳӣ, пастхамиҳои шағалдор, баъзан дар тарқиши шахсор (дар баландиҳои 1300-2300 м аз сатҳи баҳр) нумуъ менамояд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. griffithianum Boiss., ки дар Помиру Олой паҳн гаштааст, монандӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё