Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар ҷойҳои сернам, шахҳои овезон, ғор ва тарқиши шахсору харсангҳои соҳили дарёҳо ва бешазори паҳнбарг мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. dryopteris (L.) Newm. монандӣ дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа месабзад. Хеле кам мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Решапояаш сиёҳтоби тира (қутраш то 4-5 мм). Баргаш кушода, нишаста, калонҳаҷм; баргҳои ду ҷуфти поёнӣ думчадор, секунҷаи дарозрўя. Сорусҳо байзашакл ё гирда, баъзан пайваста.
САРАХСШАКЛҲО
Pteridophyta
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти инсон кам мондааст. Баргро барои гулдаста мечинанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора ва аз решапоя меафзояд.
Дар бораи парвариш маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Номаълум аст.
Тадбирҳои зарури муҳофизат Ҳолати онро дар табиат таҳқиқ карда, парваришгоҳ барпо намудан зарур аст. Чиндани онро ба одамон қатъиян манъ бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова, 1950; Флора Таджикской ССР, 1957; Никитин, Сидоренко, 1957.
ЛУЧТУХМҲО
Gymnospermae
САВР (САРВАРЧА)
Biota orientalis L.
Оилаи Cupressaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Дарахти қадимии Осиёи Шарқӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва ороишӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳҳои Ҳисор (дараи рўди Сардаи Миёна, дар наздикии деҳаи Коҳу) мерўяд. Дар Помиру Олой (ҳавзаи дарёи Туфаланг) низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои сершахи ҷангалзори омехтаи паҳнбарг (дар баландиҳои 1350 – 1400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Маълум нест.
Шумора
Хеле кам аст. Дар шароити табиӣ қариб 140 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахтест, ки то 20 метр қад мекашад.
Пояаш рост, қутраш то
2 метр. Чалғўзааш гирд ё тухмшакл.
Тухмаш гирдашакл аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири хоҷагидории инсон.
Сокинони таҳҷоӣ ва алалхусус сайёҳон, бисёр вақт шохчаҳои онро чун рустании ороишӣ мешикананд.
Онро барои ҳезум ва чуби сохтмонӣ низ мебуранд. Аз ин рў нест шуда истодааст. Солҳои қаблӣ нисбатан бисёр буд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар давраҳои қадим (махсусан дар мамлакатҳои Шарқ) мепарвариданд.
Дар ноҳияҳои кўҳсори ҷумҳурӣ дарахтони худрўи савр низ мавҷуданд. Дар ш. Конибодом ва деҳаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дарахти қариб 700-солаи савр ҳаст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Рустании ороишии хуб аст.
Аҳамияти тиҷоратӣ низ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Саврзори соҳилҳои дарёи Сардаи Миёнаро ба мамнуъгоҳи «Ромит»
ҳамроҳ карда, зери назорати қатъӣ гирифтан лозим аст. Калонтарин дарахтони саврро, ки мепарваранд, ёдгории табиӣ эълон бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Варивцева, 1948; Овчинников, 1957; Тахтаджян, 1975; Запрягаева, 1976; Белоусова ва диг., 1978.
ШЎРХОМА
Ephedra strobilacea Bunge Оилаи Ephedraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир аст. Барои муқаррар кардани зинаҳои таҳаввулотии гузариш аз лучтухмон ба пўшидатухмон муҳим мебошад.
Паҳншавӣ
Ареали парокандааш дар Осиёи Марказӣ (ғарби Памиру Олой, Қарақум, Қизилқум) ва Афғонистон дучор меояд. Дар Тоҷикистон дар чанд маҳал боқӣ мондааст.

пешина
аз 256
навбатӣ