КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар Қаратоғ, дараи Варзоб, Қалъаихумб ва Панҷакент паҳн гардидааст. Дар атрофи шаҳри Душанбе, қаторкўҳи Қурама (Зарнисор), водии Зарафшон (атрофи деҳаи Дардар) ва Помир ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Тобистон дар биноҳои куҳна, иншооти харобгардида ва болохонаҳо маскан мегирад. Зимистон онро дар нақби кони куҳна пайдо кардаанд. Тобистон дар маҳалҳои аҳолинишин зиндагӣ мекунад. Парвози он барои шикор баъд аз як соати ғуруби офтоб оғоз мегардад. Дар охирҳои моҳи ноябр шабгардакҳо макони зисти тобистонаашонро тарк мекунанд.
Фарди танҳо зимистонгузаронандаи онро 1 апрели соли 1979 дар қаторкўҳи Қурама (Зарнисор) дар нақби намноки куҳна ба қайд гирифтаанд.
Саршумор
Намуди камшумор буда, аксаран танҳо вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати шабгардаки мўйлабдор хусусиятҳои биологии онро мавриди таҳқиқи пурра қарор додан лозим аст. Пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи ин намуди нодир зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Щербин, 1968; Янушевич и др., 1972; Стрелков и др., 1979.
КЎРШАБПАРАКИ
ГЎШКАЛОНИ СТРЕЛКОВ
Plecotus strelkovi (Spidzenberger, 2006) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Кўршабпараки гўшкалони Стрелков дар қаторкўҳҳои Дарвоз, Зарафшон (Шинг), доманаи қатор кўҳҳои Туркистон ва Қурама паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар доманакўҳ ва кўҳҳо дар баландии то 1000-1200 метр аз сатҳи баҳр маскан мегирад. Дар водии Зарафшон ва ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ дар конҳои куҳна вомехўрад. Аввалҳои моҳи апрел ба конҳои куҳна, ки паноҳгоҳҳои тобистонаи он ба ҳисоб мераванд кўчиш менамояд. Ҷинсҳои модина дар ин давра тўдаҳои калон (то 80 фард дар як тўда)-ро ташкил медиҳанд. Наринаҳо, одатан, дар паноҳгоҳҳои ҷинсҳои модина аҳён-аҳён вомехўранд. Моҳи сентябр тўдаи онҳо пароканда мегардад. Маҳали зимистонгузаронии ин кўршапаракро дар қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон ва Зарафшон пайдо кардаанд.
Саршумор
Саршумори он кам аст. Фақат дар давраи афзоиш тўдаҳои ин намуд иборат аз даҳҳо сарро ташкил мекунанд.
Хусусиятҳои биологӣ Давраи ҳомиладорӣ онҳо - 1,5 моҳ идома ёфта, ҷанин дар гарданаи рости бачадон инкишоф меёбад.
Моҳи июн як насл ТАВАЛШИРХЎРОН Mammalia луд мекунад, ки баъди як моҳ калон мешавад. Дар мавсими афзоиш кўршабпараки гўшкалони нарина танҳо ва аз тўда дур зиндагӣ мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Кўршабпараки гўшкалон ба омили ноҳинҷорӣ хеле ҳассос буда, ворид гардидани завқмандонспелеологҳо ба ғорҳое, ки ба сифати паноҳгоҳи тобистонаи он хизмат мекунанд сабаби асосии маҳдудшавии саршумори он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Конҳои куҳнаи доманаи қаторкўҳи Туркистонро (дар Исфара) ғўруқ эълон кардан лозим аст. Пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи ин намуди нодир зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Янушевич и др., 1972; Хабилов, 1977, 1979; Стрелков и др., 1978.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё