АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданБОҒУ БОҒБОН
Бачаҳо ду нафарро сармир хостанду худашон ду-ду ёр даромаданд.
Даҳ нафарӣ ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Сармирҳо, як тарафи сафолпораеро тар карданд. Сармири якум:
- Обӣ, лалмӣ? – гуфт ва дар ҷавоб сармири дуюм:
- лалмӣ, - гуфта сафолпораро баланд партофт, тарафи хушкаш дар рў шуд. Сардори дуюм навбатдор шуд.
Бачаҳо дар масофаи даҳ - дувоздаҳ қадам ба муқобили ҳамдигар саф кашиданд ва дасти ҳамдигар гирифтанд. Сармири дуюм ба сармири якум рў оварда гуфт: - Боғу боғбон!
Ҷони боғбон! – ҷавоб дод сардори якум.
Ангурако пухтанд? - Ниму нимкола!
Аз мо кӣ равад? - Латиф! – гуфт сардори якум.
Латиф дасти шариконашро сард доду ба шаст давид ва худро ба сафи бачагони тарафи муқобил зада, сафи онҳоро рахна карданӣ шуд, кўшишаш натиҷа надод.
Худаш мувофиқи шарти бозӣ ба тарафи ин гурўҳ гузашт.
Саволу ҷавоби сармирон аз нав шўруъ шуд. Акнун сармири якум ба сармири дуюм муроҷиат кард: - Боғу боғбон!
Ҷони боғбон! - Ангурако пухтанд?
- Ниму нимкола!
- Аз мо кӣ равад?
- Қамар!
Қамар бо суръат давида, худро ба гурўҳи дигар зад, ки дасти ду бача аз ҳам ҷудо шуда, сафашон ду ҳис шуд.
Қамар ғолиб омад. Ў яке аз бачагонро ҳамроҳаш ба гурўҳи худ овард.
Бозӣ ҳамин тавр то ҳамон лаҳзае давом кард, ки дар як гурўҳ сармир ва як бозигар монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё