АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Будем хумори баҳор,
Бойчечак, бойчечак.
Бўи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак,
Бойчечак, бойчечак.
Гули гулҳо бойчечак,
Тоҷи сарҳо бойчечак,
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечак омад ба дар,
Эй хола, дорӣ хабар?
Бойчечак, бойчечак.
Эй, холаи хонадор,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, барор!
Бачаҳо сурудгўён оҳиста- оҳиста ба назди бозигарони дигар омаданд. Лола дастаи «бойчечак»-ро аввал ба Наргис дароз кард. Наргис гулро гирифта, ба чашму абрўяш молид ва гуфт:
Эй муждаи баҳор,
Қосиди киштукор,
Хуш омадӣ!
Ҳусни рўят аз ман,
Тоза бўят аз ман,
Хуш омадӣ!
Баъд, «гулдаста»-ро баргардонид ва аз «хонааш» ба бачаҳои гулгардон мавизу донак, ғўлунгу чормағз дод.
Ёрони Лола ба «ҳавлии» дигар сурудхонон рафтанд.
Онҳоро соҳибхона монанди Наргис қабул кард ва туҳфа бахшид. Ҳамин тариқ, ҳамаи «ҳавлиҳо»-ро давр заданд.
Миёнаи бозиҷой омаданд. «Туҳфа»-и аз гулгардонӣ ғун кардаашонро «хўрданд» Бачаҳои гурўҳи дигар ҳам омада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Ҳама суруд хонданд, рақсиданд ва боз ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Ин дафъа ёрони Лола дар «хонаҳояшон» нишастанду бозигарони Наргис «Бойчечак»
гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё