Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Нахўд!
    Ҳамон бача:
  • Ҳар кӣ хонаи худ! мегўяд-ва бозигарон хона ба хона мераванд.

БОЙЧЕЧАКБОЗӢ

Имрўз офтоби баҳорӣ бачагонро ба бозиҷой барвақт овард. Қариб бист нафар ғун шуданд. Ҳама қарор доданд, ки бойчечакбозӣ кунанд. Наргису Лоларо сардор хостанд.
Ду сардор дар ду сўи бозиҷой истоданду баробар:

  • Ёр ёри ман кӣ?! - гуфтанд.
    Қисме аз бачаҳо ба сўи Наргис давиданд. Қисми дигар ба тарафи Лола. Ҳамин тариқ, ду гурўҳ шуданд.
    Наргису Лола сангча руст карданд.
    Навбати аввал насиби гурўҳи Лола шуд.
    Ёрони Наргис ба канори бозиҷой рафтанду паҳлуи ҳамдигар, ҳар кадом дар дури се-чор қадам дар «хонаҳояшон» (шартӣ) нишастанд.
    Лола бо дастаи «бойчечак» (шартӣ) дар пеши сафи ёронаш истод.
    Дигарон ҳам дар даст яктоӣ «бойчечак» (шартӣ) гирифтанд. Бо ишораи Лола ба гуфтани суруди «Бойчечак» шўруъ карданд:

Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрўи химчак
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечак омад луччак,
Тамошо кун, келинчак,
Бойчечак, бойчечак.
Бойчечаки ҳисорӣ,
Танга тилло, ҷуворӣ,
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона ғур-ғур,
Хонаи мо бо нон пур.
Бойчечак, бойчечак.
Таги остона дутор,

пешина
аз 81
навбатӣ