АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданАгар сардори дигар сангчаро ёбад, навбатдор мешавад…
Ду сардор маслиҳат карданд, ки аз кадом шаҳр сар кунанд. Охир маслиҳаташон пухт. Сардори навбатдор ба ёронаш маслиҳат карда гуфт:
- Ёрон, ёрони мо!
Ёронаш : - Лаббай, мирони мо!
Сардор: - Сари ҳарфаш К.
Ҳама ба фикр мераванд. Ду сардор оҳиста-оҳиста аз як то даҳ шумурданд. Як бозигар: - Мирон, мирони мо!
Сардор: - Лаббай, ёрони мо!
- Ман ёфтам, Кўлоб!
- Не, ғалат гуфтӣ.
Баъд сардори дуюм ба ёрони худаш ҳамон тарзе, ки сардори якум саволу ҷавоб карда буд, муроҷиат кард.
Сардорон боз аз як то даҳ шумурданд. Бачае ба сардор муроҷиат карда буд, муроҷиат карда гуфт: - Ман ёфтам, Киев!
Ҳар ду сардор розӣ шуданд. Яъне онҳо ҳамин шаҳрро дар назар доштаанд. Бозигарони тарафи ғолиб тозон ба сўи бозигарони тарафи мағлуб рафтанд ва онҳо савор шуда, то ҷои худ омаданд.
Боз ду гурўҳ дар ҷойҳои худ нишастанд ва сардорҳо шаҳрҳои П. (Париж), Д. (Душанбе), Л. Ленинобод (ҳозир Хуҷанд) , М. (Москва), С. (Самарқанд), Б. (Бухоро) ва монанди онҳоро гуфта, дониши бачаҳоро санҷиданд.
Агар бо ин бозӣ бачаҳои хурдсол машғул шаванд, онҳо ҳамдигарро намебардоранд, балки ғолибон бохтагонро мефармоянд, ки аз марраҷой то марраҷойи дигар «зу-у» гуфта даванд.
Дар охири бозӣ яке аз бачаҳо ба овози баланд мегўяд: - Дар таги поятон чӣ?
Ҳама якбора ҷавоб медиҳанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё