АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданАкнун навбати Кабир расид. Кабир ҳам мисли Ҳабиб амал кард. Суруди бозиро ин дафъа бозигарони гурўҳи Кабир гуфтанд.
Бозӣ то ҳамон даме давом кард, ки дар як гурўҳ Кабир танҳо монд.
ШАҲРБОЗӢ
Бачаҳо давра шуданд. Шарифа шумурак гуфт:
Як калла,
Ду калла,
Гову гўсфанд
Се гала!
Гурбаи шум
Кард тала,
Хари лаванд
Хўрд хала.
Гови қашқа
Серфалла.
Хоки адир
Серғалла
Брав, пур кун
Ҷуволи ғалла!
Ду бачаи дигар дар охири шумуракгўӣ сардор мешаванд. Дигарон ҷуфт-ҷуфт шуда, ба ҳам пинҳонӣ ном мемонанд. Баъд даст ба гардани якдигар партофта, пеши сардор меоянд. Аз онҳо мепурсанд:
- Ба кӣ себу ба кӣ ангур?
- Ба кӣ тору ба кӣ танбур?
Ба кӣ Кўлоб, ба кӣ Хуҷанд?
Ба кӣ шакар, ба кӣ сарқанд?...
Ҳамин тариқ, бачагон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд. Ва ба ду тарафи майдон рафта, қатор меистанд, ё мешинанд.
Сардорон дар миёни ду гурўҳ қарор мегиранд. Яке аз онҳо сангчае дар мушт пинҳон мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё