Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ТАПАР-ТАПАР

Бачаҳо майли бозии «Тапар - тапар» карданду Ҳабибу Кабирро сармир хостанд. Ва худашон «ҷуфт-ҷуфт»
ёр даромада, ба ду гурўҳ ҷудо шуданд. Ёрони Ҳабиб даҳ нафар, аз они Кабир ҳам - даҳ нафар.
Гурўҳҳо 10-дувоздаҳ қадам аз ҳам дур саф кашиданд.
Сармирон ёронашонро паҳлуи ҳам шинонданду ба ҳар яке ном монданд: гул, булбул, қумрӣ, барра, боғ, замин, осмон, ситора, дафтар, китоб…Ҳабиб ба ёронаш тезтар ном монду ба миёнаи майдон омада истод. Бо ҳамин навбати аввалро соҳиб шуд. Ду сармир ба бозӣ тайёр будани бозигаронро эълон карданд.
Ҳабиб ба назди гурўҳи Кабир рафту чашми яке аз бозигаронро бо рўмолча баст ва ба тарафи бозигарони гурўҳи худаш нигариста, :

  • Замин! - гуфт. «Замин» оҳиста-оҳиста омаду ба пешонаи бачаи чашмбаста ҳўппоқ зад ва боз ба ҷои худ рафта нишаст. Нишасту ёронаш баробар ба замин даст зада суруди зеринро хонданд:

Тапар-тапар сияҳқош,
Ба по омад аз Кўктош,
Сўзан шудаст асояш,
Ғалбер шудаст чоруқош.
Мо тапар-тапар кардем!
Номаша дигар кадем!

То омада бозигарони ҳуппоқзадаро ёфтани бачаи чашмбаста ин сурудро такрор ба такрор гуфтанд.
Бозигар кӣ будани «замин»-ро аниқ карда натавонист. Бачаи дигарро нишон дод. Бачаҳо ўро дар қатори худ шинонданд.
Боз давр ба Ҳабиб монд. Ин дафъа Хабиб «булбул»- ро даъват кард. Айнан ҳамон тарз бозӣ давом кард. Ва охир бачаи чашмбаста кӣ будани «булбул»-ро аниқ гуфт.
«Булбул» ба гурўҳи Кабир гузашт.

пешина
аз 81
навбатӣ