АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Ду-се нафар ёрони Ҳамид аз пиллаҷой дур нарафта, ҷуфташонро интизор шуданд. Саид ба онҳо нигариста:
- Дар сари пилла чӣ кардӣ? – гуфт. Онҳо оҳистаоҳиста, аз сари пилла (марра) дур рафтанд.
Ҳамин тавр, дар охири бозӣ маълум шуд, ки ёрони Ҳамид аз даҳ ёри Саид ҳафт нафарашонро даст гирифта, ғолиби бозӣ ва соҳиби навбат гардидаанд.
ҲАВЗАК - ҲАВЗАК
Калонсоле бачаро дар бағал гирифта, дасти рост ё чапи ўро рўйи кафаш мегузорад ва гирд-гирди кафи бача бо ангушти ишорат «хат» кашида:
Ҳавзак – ҳавзак,
Гирдаш сабзак, - мегўяд ва миёнаи кафро нишон дода, ба оҳанги фораму дилкаш месарояд:
Ору омад, об хўрд,
Оҳу омад, об хўрд.
Баъд аз лелача сар карда, ангуштони бачаро як-як дар
рўйи кафаш қат мекунад ва дар ин маврид сатрҳои зеринро мегўяд:
Ин гов кушад,
Ин пўст канад,
Ин пазаду соз кунад,
Ин хўраду ноз кунад.
Ин майдаяк куҷо буд,
Ки шўрбо нарасид?!
Бача аз ин бозӣ ба завқ меояд ва калонсол оҳистаоҳиста ба нармӣ ўро қитиқ карда:
Чулулу,
Барги каду!- мегўяд. Бача баланд механдад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё