Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АРРА, ТЕША
Ду бача муқобили ҳам нишаста, кафи пойҳояшонро ба кафи пойҳои шариконашон ҷафс мекунанд. Дасти ҳамдигарро мегиранд ва баробар мегўянд:

Арра,
Теша,
Моку,
Тамоку!

Баробари «арра» гуфтан, бозигарон пою дасти росташонро ба тарафи худ мекашанд ва пою дасти чапашонро дароз мекунанд. Бо гуфтани «теша» ҳамаи ин ҳаракат аз пою дасти чап шуруъ мешавад.

АБЎЛАКАМ

Бачаҳо давра нишастанд ва пойҳояшонро ба мобайн дароз карданд.
Холида ба бозигарон гуфт:

  • Ман «Абўлакам»-ро мегўям. Калимаи «каш»- охирин ба пои кӣ рост ояд, ҳамон кас аз мобайн пояшро кашида, ғун карда мешинад:

Абўлакам,
Ду бўлакам.
Лаби ҳавзи заргарон,
Мўй дорем то миён,
Мўи мо ишкели хон.
Хон ба мо чӣ медиҳад?
Як ғуломи ҳабашӣ.
Корди пўлод чарх кашӣ,
Ҳабашӣ корд кашад,
Корди пўлод кашад.
Андар каш,
Мандар каш,
Як поятро каш!

пешина
аз 81
навбатӣ