Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Келиннчак хамир кардаст,
Камтарак камӣ кардаст.
Ордакаш камӣ кардаст,
Ҳезумаш намӣ кардаст.
Бобом ба ҳезум рафтаст,
Арғамчина гум кардаст.
Арғамчин дар боғи мо,
Боғи мевадори мо!

МА, ГУЛ

Бачаҳо ғун шуда, шумурак гуфтанд:
Луғат: Ғун-зам

Зоғу кулоғон,
Дар дашту ёбон.
Ту рафта орд без,
Ту шину ту хез!

Ҳама як-як аз давра баромаданду Раҳмат танҳо монд ва сармир шуд.
Вй бачаҳоро паҳлўи ҳам шинонд. Худаш дар аввали қатор нишасту ба тарафи росташ , ба Аҳмад нигариста гуфт:

  • Ма, гул!
  • Чӣ гул?
    Гули шафтолу- гул! – ҷавоб дод Раҳмат.
  • Ма, гул!
    Чӣ гул!
    Гули себ - гул!
    Ҳар яке номи гулеро мекофт, вале гуфтаи рафиқонашонро такрор намекард. Навбати Қодир шуд.
    Қодир ба Собир гуфт:
  • Ма, гул!
  • Чӣ гул? –пурсид Собир.
    Қодир дар ҷавоб:
  • Гули шамшод - гул! - гуфт. Раҳмат аз ҷой хесту бозиро боздошт ва аз бозигарони дигар пурсид:
  • Гули шамшодро кӣ дидааст?
  • Мо надидаем! – гуфтанд бозингарон.
  • Қодир бозиро бохт.
    Сармир хоҳиш намуд, ки Қодир суруде гўяд ё бирақсад. Қодир суруде гуфту дар ҷояш нишаст.
    Бозӣ аз нав сар шуд…
    Эзоҳ: Дар бозӣ натанҳо писарон, балки духтарон ҳам иштирок мекунанд ва сармир ҳам таъин мешаванд.

ЛЕЛАК-ЛЕЛАКИ БОҚӢ

Ҳашт нафар бачаҳо давра нишастанд ва бо амри Замира пойҳояшонро дар мобайн дароз карданд. Замира, ки сармир интихоб шуда буд, ба гуфтани суруди ин бозӣ шурўъ кард:
Лелак-лелаки боқӣ,
Дастам гулаки соқӣ.
Соқӣ ба бозор рафтаст,
Куррачасавор рафтаст.
Се уштури қазоқӣ,

Биниҳошон ямоқӣ,
Каҷовабор рафтанд,
Дум-думаш қатор рафтанд.
Андар кашу мандар каш,
Як пою дастат каш!

Замира суруд мегуфту ба пойҳои бозигарон бо ангушташ ишора мекард. Калимаи «каш» ба пои рости Ҳалима рост омад. Ҳалима пояшро ғундошта нишаст.
Замира боз сурудро аз аввал гуфт. Ин дафъа поёнии суруд ба пои чапи Ҳалима рост омад. Ҳамин тавр бозигарон якяк пойҳояшонро аз давра кашида, чорзону нишастанд.
Ҳамаи пойҳо, ки ғундошта шуданд, Замира ҳам чорзону нишаст. Акнун ҳама баробар зонуҳояшонро молида, сечаҳор карат:

пешина
аз 81
навбатӣ