Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Гунҷишкак куртаро пўшида, ба пеши кампир омад.
Ба пеши кампир омаду гуфт: …
4 Чуқ-чуқ, ана акнун пахтазоратро посбонӣ мекунам!

  • Майлаш, ист, посбонӣ кун! – гуфт кампир.
    Гунҷишкак рўзи дароз «чуқ- чуқ» мегуфт, ин ҷо мешишт, «чуқ-чуқ» мегуфт, он ҷо мешишт, посбонӣ мекард.
    Як рўз гузори подшоҳ ба ин ҷо афтод. Подшоҳ дид, ки як пахтазор сап-сафед шукуфтагӣ. Вай аспашро нигоҳ дошта, ба аскарҳояш гуфт:
  • Ин ҷо замини ман, ин пахтазор аз куҷо пайдо шуд?
    Дароед, ҳамаашро чинда гиред, якто ҳам намонад!
    Гунҷишкак дид, ки аскарҳо ба пахтазор даромада, чида истодаанд:
    «Чуқ-чуқ» , бечора кампир,
    Пахтазорат шуд ҷазир.
  • гуфта кампирро ҷеғ задан гирифт…

ГУРГИ НОДОН
1 Будааст, набудааст, як гург будааст. Вай гушна мондааст. Дара ба дараю саҳро ба саҳро гаштааст. Дар ҳеҷ ҷо хўрок наёфтааст. Харобу беҳол шудааст. Базўр роҳ мерафтагӣ шудааст. Як рўз ғамгину маъюс шудааст. Рафта истода будааст, ки дар роҳ ба як бузак вохўрдааст.

  • Оҳ бузаки ҷонон! - гуфтааст гург. Ман туро ёд кардам. Ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ ҷо ягон ҷонвари дигарро ин қадар ёд накардаам.
  • Аз ин гапҳоят маълум, ки ту маро хўрдан мехоҳӣ гуфтааст, бузак.
    Аммо ба ту гуфтанам даркор, ки ҳозир гўшти ман бемаза. Агар розӣ бошӣ, ин ҷо ист. Ҳў ба он тарафи кўҳ гузашта, зираю пиёз хўрда меоям, гўштам хеле бомаза мешавд. Гург ба гапҳои бузак бовар карда, розӣ шудааст.
    Бузак бошад, рафтаасту дигар бар нагаштааст…
пешина
аз 81
навбатӣ