АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданАкка парида рафту як зоғ омада гуфт:
- Қар-қар –қар , мома , маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?
Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ?-пурсид кампир. - Қар-қар , - гуфт зоғ,- нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ бас аст!
-Бирав! – гуфт кампир,- даркор нестӣ!
Зоғ парида рафту як гунҷишк парида омад.
Гунҷишкак «чуқ»-«чуқ» гуфта, ин ҷо шишт, «чуқ»- «чуқ» он ҷо шишт.
Кампир пурсид:
-Чӣ чуқ-чуқ мекунӣ, чи магўӣ? Мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ? –гуфт гунҷишкак.
-Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ?- пурсид каммпир.
-Чуқ-чуқ ,- гуфт гунҷишкак, - ба ман камакак пахта деҳ, курта карда пўшам…
3 Кампир камакак пахта гирифта дод. Гунҷишкак пахтаро ба нўлакаш гирифту пеши ресанда рафта гуфт: - Пахтаро рес-рес карда деҳ, рес-рес накунӣ, хоната вайрон мекунам, рўйи ҳавлита оғилу каҳдон мекунам.
- Ресанда чархашро ба пешаш монд, пахтаро гирифта ришту як калобача ресмон карда дод. Гунҷишкак ресмонро гирифта, пеши бофанда бурд. Пеши бофанда бурду гуфт:
- Инро гиру боф-боф карда деҳ, боф-боф накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён мекунам, рўйи ҳавлита каҳдон мекунам!
- Бофанда ресмонро гирифта, бофту ба қади гунҷишкак чен карда, бурида дод.
- Гунҷишкак буридаро гирифта, пеши дўзанда бурд.
Пеши дўзанда бурда гуфт: - Дўз-дўз карда деҳ, дўз-дўз накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён мекунам, рўйи ҳавлита оғилу каҳдон мекунам!
- Дўзанда як куртаи хушрўй дўхта дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё