ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
ҲАЙРАТ
Ҳай-ҳай, акои Даврон,
Кардӣ маро ту ҳайрон!
Гуфтӣ, ки бас далерӣ,
Зӯриву ҳамчу шерӣ.
Гуфтӣ, ки паҳлавонӣ,
Тарс ин чӣ гап? – Надонӣ.
Кӯҳро занӣ, шавад он
Бо хоки роҳ яксон…
Акнун чаро, ки тарсӣ
Аз як хурӯси чарсе?
Бо доду вою фарёд
Ҷӯйӣ ту аз ман имдод?
Ҳай-ҳай, акои Даврон,
Кардӣ маро ту ҳайрон!
БИНАМ, БИНАМ…
Чоям – як сӯ, нонам – як сӯ,
Ошамро ҳам монам як сӯ.
Ҳушам сӯйи тилвизор аст,
Чашмам чору гӯшам чор аст:
Шинам, шинам, шинам, шинам,
Бинам, бинам, бинам, бинам.
Донам, донам, дарсам беш аст,
Дар таҳсилам сад ташвиш аст.
Хондан, хондан, хондан бояд,
Шояд, бояд, бояд, шояд…
Шинам, шинам, шинам, шинам,
Бинам, бинам, бинам, бинам.
Шаб ним асту айни хоб аст,
Аммо кино диданбоб аст.
Тарсам, боз аз дарсам монам?
Беҳтар ё аз тарсам монам?
Шинам, шинам, шинам, шинам,
Бинам, бинам, бинам, бинам,
Гӯшакҳоро тобам, тобам,
Ҳар сарҷӯро кобам, кобам.
Гоҳ аз ин ҷо, гоҳ аз Маскав,
Биноие ёбам нав-нав.
Шинам, шинам, шинам, шинам,
Бинам, бинам, бинам, бинам.
Додар, хоҳарҳоям хобанд,
Аз хоб онҳо лаззат ёбанд.
Акнун бояд хобам ман ҳам
Ҳозир, ҳозир, ҳозир, як дам!
Шинам, шинам, шинам, шинам,
Бинам, бинам, бинам, бинам…
МЕҲМОНДӮСТ
Ояд ба хона меҳмон,
Шодӣ кунад Вафоҷон.
Дар пешгаҳ нишонад,
Гард аз рухаш фишонад.
Гирад ба гап варо гарм,
Созад даробаро гарм.
Шодон ба пеши меҳмон
Хоне кашад фаровон:
Нону мавизаш орад,
Сад гуна чизаш орад.
Аммо ба он бикӯшад,
Худ хӯраду бинӯшад.
Одам надонад осон:
Меҳмон кию кӣ мизбон?
АҲМАДУ РАҲМАТ
Аҳмаду Раҳмат –
Ду ҷӯраи ҷон,
Биншаста буданд
Шодону хандон.
Чун атсае зад
Ногоҳ Раҳмат,
Аҳмад бигуфташ:
– Бошӣ саломат!
Аммо ҷавобаш
Раҳмат надонист,
Бояд чӣ гӯяд? –
Дар ёди ӯ нест…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё