ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
САРИ РАВОН
Як шом дидам
Бар тори девор:
Як сар равон аст
Дар тори девор.
Ин сар набошад,
Пас чист дигар?
Ин сар, ки бошад,
Аз кист ин сар?
Ман хоб бошам?
Ё ин ки бедор?
Чашмони худро
Молам ба такрор.
Бинам дубора
Бар тори девор:
Як сар равон аст
Дар тори девор!
Сар пушти девор
Ногаҳ ниҳон гашт…
Дарвоза во кард,
Ин сӯй бигзашт.
Эй вой, акнун
Ояд ба сӯям!
Оё гурезам?
Ё дод гӯям?
Дар раҳ кашид ӯ
Ногаҳ тамоку…
– Бобои Хуршед?
О, ин Шумо-ку!!!
АЗОБИ ХУРД БУДАН
Ҳар як калон,
Охир, чаро
Танбеҳаке
Бидҳад маро?!
– Инро нарас!
– Онро набин!
– Ин ҷо наё!
– Он ҷо нашин!
– Инро набур!
– Онро нарез!
– Ин хел хоб!
– Он хел хез!
– Ин– айби ту!
– Э, ҳайфи ту!
Дору мадор!
Гӯву магӯ!..
Вай-вай, басо
Хурдӣ бад аст! –
Хурдӣ маро
Дар дил задаст!
ПОПӮШИ МОМО
Дар ошхона
Мавлуда афтид,
Дар остона
Мавлуда афтид.
Озор дида
Банди ду дасташ,
Ҳар сӯ парида
Қанди ду дасташ,
Мехезад аз ҷой,
Мемонад ӯ пой,
Меафтад ӯ, ҳой!
Эй вой, эй вой…
Ҳарчанд кӯшад,
Меафтад аз по,
Ҳар кас, ки пӯшад
Попӯши момо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё