Зеҳн
ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.

Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа

Кӯдакон

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК

Лабҳои ту механдад,

Гапҳои ту механдад.

Чашмони ту механдад,

Мижгони ту механдад.

Хандон-рухи некӯят,

Барги гули абрӯят.

Дандони ту марҷон аст,

Яксар ҳама хандон аст.

Дар китфи ту мӯ хандад,

Дар мӯи ту бӯ хандад.

Эй духтараки хандон,

Бар хандаи ту қурбон!

АНОРИ ХАНДОН

Анори хандон

Чун шавқмандон,

Бар мо намояд

Ёқути дандон.

Алвон шудаст он,

Рахшон шудаст он.

Аз завқи пухтан

Хандон шудаст он.

Аз шавқмандӣ

Онро писандӣ,

Аз ширахандаш

Ширин бихандӣ.

ДОНОӢ

– Аз хобакат саҳар хез.

– Медонамаш, падарҷон!

– Бо дасти рост бархез.

– Медонамаш, падарҷон!

– Покиза дасту рӯ шӯй.

– Медонамаш, падарҷон!

– Пас шукри рӯзи нав гӯй.

– Медонамаш, падарҷон!

– Як «Хайр!» гӯ , чу рафтӣ.

– Медонамаш, падарҷон!

– Ҳушёр шав, наафтӣ?

– Медонамаш, падарҷон!

– Бо роҳи худ бирав рост.

– Медонамаш, падарҷон!

– Дар оши кас машав мост.

– Медонамаш, падарҷон!

– Пеш аз сухан бияндеш.

– Медонамаш, падарҷон!

– «Медонамаш» нагӯ беш.

– Медонамаш, падарҷон!

ГУФТУГӮ

– Пургӯ чароӣ, ҷонам?

– Кони гапи ҷаҳонам!

– Кони гапат дар куҷост?

– Дар нӯкаки забонам!

– Забонакат дар куҷост?

– Дар вораи даҳонам!

– Даҳонакат дар куҷост?

– Дар гирдаки лабонам!

– Лабонакат дар куҷост?

– Дар зери биниҷонам!

– Биниякат дар куҷост?

– Дар байни дидагонам!

– Дидаякат дар куҷост?

– Дар байни мижагонам!

– Мижаякат дар куҷост?

– Дар зери абрувонам!

– Абрӯякат дар куҷост?

– Дар хам-хами пешонам!

– Пешониат дар куҷост?

– Дар каллаи калонам!

– Калла ба ту чӣ даркор?

– Инашро ман надонам…

аз 14
навбатӣ