Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кўшиш ба харҷ диҳад. Зеро зан чароғи хонадон, машъалафрўзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст.
Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.
Яке аз омилҳои асосии рўзгори бонизом ва некўаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст.
Вале, афсўс, ки ҳоло ҳам баъзе занону модарон барои намоиш додани сарватмандии хонадони худ маросимҳои оддии гаҳворабандону сартарошон, хатнатўй, фотиҳатўй, чойгаштак, арўсталбону домодталбонро, ки бояд дар доираи оила сурат гиранд, бо даъват кардани меҳмонони зиёд, ҳатто аз шаҳру ноҳияҳои дигар, ба маъракаҳои калону пурдабдаба ва серхароҷот табдил медиҳанд.
Дар пайравӣ ба онҳо бошад баъзе оилаҳои дигар дучори мушкилоти молиявӣ мегарданд. Ҳол он ки дар ҷомеаи дорои вазъи мўътадили иҷтимоӣ, баръакс оилаҳои сарватманд дар масъалаи сарфакорӣ намуна ҳастанд.
Зан муназзими рўзгори оила аст. Аз ин рў, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати худ ва имконияту вазъи оилавии худ дар танзими расму оинҳои мардумӣ, ки мо онро ба яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ табдил додаем, саҳми бештар дошта бошанд.

пешина
аз 127
навбатӣ