ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар он Худованд шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мардро ба таври возеҳ зикр намуда, иззату эҳтиром ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба занонро аз ҷумлаи воҷиботи имонии ҳар як мусулмон фармудааст.
Пайғамбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад низ дар ҳадиси худ чунин гуфтааст: «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред».
Имрўз мавқеи занони тоҷикро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ метавон арзёбӣ намуд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла дар интихоботи баргузоргардидаи Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи он мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода карда, ба ҳамаи шумо – модарону хоҳарон ва духтарони арҷманди кишвар барои ширкати фаъол дар интихобот ва эътимоду боварие, ки ба ман зоҳир намудед, як ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Ба хотири тақдири имрўзу ояндаи давлату миллати тоҷик дар баробари як қатор муқаддасот ман маҳз ба шири сафеди модар, ки неъмати азизтарину бузургтарини ҳаёти инсонист, қасам ёд карда, масъулияти азимро ба зиммаи худ гирифтаам.
Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод.
Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рўҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё