ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Аз ин ҷост, ки номҳои Ойгул Муҳаммадҷоноваи лочин, София Ниёзии табиб, Тўҳфа Фозилова ва София Туйбоеваи ҳунарманд, Розия Озоди шоира ва даҳҳо нафар модарону хоҳарони мо дар таърихи он солҳо абадан сабт гардидаанд.
Занону духтарони баору номуси мо бо белу каланд ва ҷуфти гов соли душвори 1943 ҳамроҳи пирамардону кўдакони наврас ҳафтсад ҳазор тонна ғалла рўёнданд.
Ин шуҷоату мардонагӣ ҳатто имрўз касро ба ҳайрат мегузорад.
Солҳои баъди ҷанг низ барои занони тоҷик осон набуд. Онҳо ба ҷойи худ ва азизони баҷанграфтаву аз набардҳои шадид барнагаштаи хеш заҳмат мекашиданд, дар бунёди хоҷагии халқи харобшуда фаъолона ширкат меварзиданд.
Имрўз метавонем номи садҳо ва ҳазорон қаҳрамонони арсаи меҳнатро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ёдовар шавем, ки барои пешрафту ободии мамлакат фидокориҳо кардаанд.
Ҳозирини мўҳтарам!
Дар аввали солҳои навадум таърих барои занону модарони мо ва дар маҷмўъ ба халқи Тоҷикистон сабақи талх дод.
Ман ҷанги бемаънии бародаркуш ва хонумонсўзро дар назар дорам, ки дарди ҷонкоҳи он аз дили мардум ва пеш аз ҳама аз қалби модарону хоҳарони мо нарафтааст.
Ҳар кадоми шумо шоҳид ҳастед, ки ин ҷанги бо иғвои моҷароҷўёни мансабталош сарзада ба ҷумҳурии мо чӣ қадар зиёни моддиву ҷонӣ овард. Дар як муддати кўтоҳ ҳазорон модарон аз фарзанд, ҳазорон занон аз шавҳар ва даҳҳо ҳазор кўдакон аз падар маҳрум шуданд.
Ин ҷанг на танҳо зарбаи ҷонкоҳ ба генофонди миллат буд, балки захми басо дардноке ба вуҷуди нозуки модарони мо гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё