Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бубинед, дар замоне, ки устод Рўдакӣ бунёди шеърро ба забони модарии мову шумо мегузошт, дар паҳлўи ў шоири ҷасуру ширинкалом Робиаи Балхӣ дар майдони суханварӣ ҳунарнамоӣ мекард. Дар асрҳои минбаъда ин анъанаро Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва садҳо шоираҳои дигар бо истеъдоди баланд идома доданд.

Модарону хоҳарони азиз!

Дар асри ноороми бистум, ки пур аз ҳодисаву воқеаҳои мухталиф буд, модарону занони тоҷик дар мушкилтарин лаҳзаҳо худро аз раванди умумии зиндагӣ дар канор нагирифта, дар паҳлўи мардон қарор доштанд.
Ширкати фаъолона ва саҳми арзандаи онҳо дар муборизаҳои шадид барои озодии шахс, маҳви бесаводӣ, аз байн бурдани унсурҳои зиёновари зиндагии кўҳан, поягузорӣ ва баланд бардоштани иқтисоди мамлакат аз ёдҳо фаромўш нашудааст ва фаромўш нахоҳад шуд.
Зеро онҳо дар сафи мардон барои бунёди як ҷомеаи нав, ки инсон тавонад аз тамоми ҳуқуқҳои худ озодона истифода барад, инчунин ба хотири пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг мубориза бурданд ва дар ин роҳ бисёре аз онҳо ҷон нисор карданд.
Шуҷоат ва далерии занони кишвар дар солҳои сахту сангини Ҷанги дуюми ҷаҳон қобили ёдоварии алоҳида мебошад. Ба хотир оред, ки онҳо бо меҳнати шаборўзии худ ба ақибгоҳ, бо матонату мардонагии хеш дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба ғалаба дилгарм кардани ҷанговарон чӣ корнамоиҳое карданд.

пешина
аз 127
навбатӣ