Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале зани тоҷик ин ҳама мушкилоту маҳрумиятҳоро бо сабру тоқат ва ақлу фаросати азалӣ паси сар намуд.
Имрўз, ки зарурати талош барои як зиндагии арзанда, озод ва баробар бо дигар кишварҳои мутаррақӣ пеш омадааст, хизмати таърихии зани тоҷик аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Хушбахтона, мардуми ҷафокашидаи мо ҳоло дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорад.
Имрўз шароите фароҳам омадааст, ки тамоми аъзои ҷомеа мисли солҳои пешин бо нияти пок, дасту дили гарм ба кори созандагӣ ва ободии кишвар машғул шаванд.
Дар ин кор ман аз шумо – занону модарони баору номуси миллат умеди зиёд дорам. Зеро хуб медонам, ки шумо қувваи бузурги ҷомеа, нерўи пурқудрат ва зиёда аз ин боли парвози мардон ҳастед.
Модарон, ки кони раҳм ва меҳру шафқатанд, бояд пеш аз ҳама фарзандони ҷавону хунгарми худро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, пеши роҳи амалҳои ношоистаи онҳоро гиранд.
Бемуболиға тақдири имрўзаву ояндаи миллат ба шумо низ вобастагии бузург дорад. Ин нақши созандаи шуморо дар зиндагии ҷомеа ҳеҷ кас паст карда наметавонад.
Шумо бо тарбияи фарзандони қобилу лоиқ, меҳнати фидокорона дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва умуман дар сохтмони давлати демократии дунявӣ саҳми беназир гузошта метавонед.
Ман бовар дорам, ки шумо аз ўҳдаи ин кор ҳам бо сарбаландӣ мебароед.
Дар ёд дошта бошед, ки танҳо давлати дунявӣ қодир аст ҳуқуқ ва озодиҳои қонунии ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла занону духтаронро кафолат диҳад. Фақат давлати дунявӣ метавонад, ки барои рушду нумўи афкори солими аъзои ҷомеа шароити зарурӣ фароҳам орад.

пешина
аз 127
навбатӣ