ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ проблемаи баланд бардоштани мавқеи занро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт. Тоҷикистони мо, ки ҳанўз дар ибтидои шоҳроҳи истиқлолият қарор дошт, дар натиҷаи дасисаҳои қувваҳои дохиливу берунӣ ба озмоиши шадид ва зарбаи ҷонкоҳи ҷанги дохилӣ рўбарў шуд. Занону модарони мамлакат дар айёми пурошўб ва пурфоҷиаи ҷанги таҳмилии гражданӣ азобу машаққати ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд. 25 ҳазор занон аз шавҳарони хеш маҳрум шуданд, 55 ҳазор тифлон ятим монданд. Бори гарон ва андўҳи ҷудоии даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанг пеш аз ҳама ба дўши нозуки занону модарон афтид. Вале занону модарони мо ҳамаи ин талафоту маҳрумиятро бо сабру хиради азалӣ таҳаммул карданд ва барои сулҳ, оромӣ ва суботи ҷомеа баробари мардон мубориза бурданд.
Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумат аз он иборат буд, ки дар доираи имконият занони кишвар бо ғамхорӣ фаро гирифта шаванд.
Ба ин хотир, пеш аз ҳама фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ лозим буд. Маҳз аз ин рў, доир ба проблемаи занон як силсила асноди қонунӣ, аз ҷумла чандин фармони Президент ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон қабул шуданд. Мо ҳамчунин ба як қатор асноди байналхалқӣ, пеш аз ҳама ба Конвенсия «Дар бораи аз байн бурдани ҳама шаклҳои зўроварӣ нисбати занон» ва Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи кўдакон»
ҳамроҳ шудем.
Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998–2005», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин барномаи давлатӣ дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробари мардону занон» ва санадҳои дигар дар баробари пешбинӣ намудани чорабиниҳо оид ба таҳкими мақоми занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ширкат ва масъулияти онҳоро дар рушди иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо зиёд намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё