Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин, дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом омадааст: «беҳтарини мардҳо касоне ҳастанд, ки бо занҳо муносибати хуб доранд».
Зан-модар, ки офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он – озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр мекунад.
Ба ин маънӣ, набзи зиндагии башар дар тамоми тўли таърихи инсоният бо набзи ў ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад.
Мо – тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлўи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза кардаанд.
Модари тоҷик Рўдакӣ – султони мулки сухани Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ўро ҳамроҳ бо ҳамосаи мардонагии Фирдавсӣ, осори безаволу наҷотбахши Ибни Сино, ашъори пуршўр, пур аз ишқу муҳаббат ва панду андарзи Хайём,Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар фарзандони худро бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ва нармиву покии тоҷикона барои наслҳо хонд, аз боду борон ва газанди рўзгор ҳифз карда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову шумо ҳамчун мероси падар ба ворисонаш расонд.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ки орзуи деринаи аҷдодони мо, аз ҷумла занони бофарҳанг, озодидўст, адолатҷў ва тараққихоҳи миллат буд, аз ибтидои ташкилёбии худ ба хотири таъмини мақоми хосаи занон дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқҳои инсонию конститутсионии онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида ва тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро татбиқ карда истодааст.

пешина
аз 127
навбатӣ