Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин давра ҷомеаи мо хеле пеш рафт, сиёсати бо иродаи халқ пешгирифтаи давлат,яъне ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи дунё эътироф ва пазируфта шуд. Бо мақсади татбиқи амалии роҳи пешгирифтаи давлат занон ба ҳамаи соҳаҳои сиёсат,иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҷалб карда шуданд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Имрўз намояндагии занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва судҳо таъмин шудааст. Ба андешаи ман, дар ҷаҳон кам давлате пайдо мешавад, ки дар мақомоти гуногуни он занон мисли Тоҷикистон фоизи баланди намояндагӣ дошта бошанд. Масалан, дар ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон занон, – имрўз қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд, ки чуниннишондиҳандаи баланд дар таърихи парламентаризми кишварамон ҳеҷ вақт вуҷуд надошт (дар Маҷлиси миллӣ аз 33 нафар 5 нафар занон ва дар Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил 11 нафар занон). Аз ҷумлаи занон ҳоло дар вазифаҳои муовинони раисони палатаҳо, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд. Дар ҳайати ҳокимияти иҷроия – аз Ҳукумати марказӣ то ҳукуматҳои маҳаллӣ низ занон дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда истодаанд.

пешина
аз 127
навбатӣ