ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ба ин хотир Барномаи мубориза бо камбизоатӣ таҳия шуда истодааст, ки он бояд асоси фаъолияти иҷтимоии Ҳукуматро дар се соли оянда ташкил диҳад.
Умуман, сарфи назар аз ҳама мушкилот, мо имрўз гуфта метавонем, ки барои пешрафти минбаъдаи мамлакат ва ноил шудан ба муваффақиятҳои нав асос гузошта тавонистем.
Аз ҳама муҳимаш, як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ки дар муддати кўтоҳ дар мамлакат барпо гаштанд, он пешравиҳое, ки халқи мо баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият бадаст овард, як чизро собит мекунанд: халқ сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатро дастгирӣ менамояд ва вазифаи худро дар он мебинад, ки сулҳу ваҳдат, амнияти миллӣ, волоияти қонуни ва бақову пойдории давлатро таъмин намояд.
Бинобар ин боварии комил дорем, ки рўзгорамон сол аз сол беҳтар ва мамлакатамон ободтар мегардад.
Чунон ки гуфтам, имсол моро санаи муҳим – 10- солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Ба назари аввал, 10 сол дар назди таърих як лаҳза аст. Вале ин даҳ сол барои мо давраест, ки мо дар он пойдевори давлати миллии худро гузоштем, истиқлолиятро устувор намудем, роҳу равиши кишварро муайян сохтем ва аз ҷониби аҳли башар шинохта шудем.
Даҳ соле, ки гузашт, барои мо тоҷикон давраи таҳкими истиқлолият, камолот ва исботи нангу номуси миллӣ мебошад.
Аз ин рў, мо бояд тамоми кўшишро ба харҷ диҳем, ки ин ҷашнро ба таври арзанда дар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирем ва бо сари баланд ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеаи худ қадам гузорем.
Итминон дорам, ки шумо – модарон ва хоҳарони гиромӣ низ, сарфи назар аз ҳама мушкилоте, ки имрўз ҷой доранд, вазифаи муқаддас ва масъулиятноки худро дар назди миллат содиқона иҷро мекунед ва дар пешрафту ободонии кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё