Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муҳимтар аз ҳама, аз мушкилиҳо наҳаросида, пеш бояд рафт. Кўшиши якҷоя баҳри мақсадҳои умумӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, беҳбудии рўзгор, таъмини саодати наслҳои оянда, ҳиссагузор будан дар сулҳи рўйи замин ва кишвари худ моро ба мурод мерасонад.
Мо, ки рўзҳои вазнинро паси сар намудем, бояд як чизро амиқ дарк намоем; бақову пойдории давлат ва рўзгори ободи мо пеш аз ҳама ба худи мо вобаста аст.
Танҳо азму талоши ватандўстона, меҳнати фидокорона, устуворӣ дар роҳи ҳалли вазифаҳои гузошташуда асоси мустаҳкам шудани давлат ва боиси сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад.
Мо медонем, ки маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида, меҳру шафқат рўзгори моро зеб медиҳад. Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рў, ман бовар дорам, ки ў барои пойдории сулҳ ва эҳёи Тоҷикистон мудом саҳм мегирад ва ҳидоятгари корҳои нек ба наврасону ҷавонон мешавад.
Дар ин ҷодаи пуршараф ва дар айни замон заҳматталаб барои ҳамаи занону духтарони мамлакат сиҳатмандӣ, рўҳи болида, рўзгори обод ва хотири шод орзумандам.

Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!

Ба бахти ҳамаи мо ҳамеша саодатманд ва хушбахт бошед!

пешина
аз 127
навбатӣ